Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
шодӣ дар куртааш намегунчид» мегӯянд. Илова бар ин ба ҷои пешоянди дар «бар» оварда шудааст, ки хилофи қоида аст. Калимаи «таманно» ҳам бемавқеъ зикр ёфтааст, зеро аслан ба маънои орзу ва хоҳиш буда, маҷозан маънои кибру нозу истиғноро ифода мекунад, аммо дар байти Гулчеҳра ба ин маъниҳо нест.
Гулназар ба ҷои «таваллуд» (зоида шудааст) «тавлид» (зоёндан) овардааст:
Бо лаби пурҳанда тавлид гаштаам
Ҳамчу гул дар бӯстони зиндагӣ,
Ман надидам чашми ашколудро,
Рангзардии хазони зиндагӣ.
Бояд мисраи 1-ум чунин гуфта мешуд:
Бо лаби ҳандон таваллуд ёфтам
Ба ҷои доҳӣ, дурусттараш ба ҷои нобиға (гений), ки дар луғат ба маънои соҳиби ҳушу хирад, истеъдоди фавқулодда меояд, калимаи даҳо ба кор бурда мешавад, ки сахт нодуруст аст: «Мазмуни ин шумора симои ҷовидони даҳои назми рус- ро барои хонандаи тоҷик хеле ҳартарафа нишон медод». («Са- дои Шарқ», 1969, № 12, саҳ. 60)..
Он замоне, ки даҳо дар кашфи ин асрор буд,
Нур рӯи нақшаву дигар ҳама ҷо тор буд...
(Мӯъмин Қаноат).
Дар байти зерин калимаи «ҳирқа» номуносиб афтодааст:
Шукуф, эй лолаи пӯшидаҳирка!
Бипӯшон куртаи атлас чаманро.
Ҳирқа — ҷомаи жандаи дарвешон аст, ки бо латтапорача- хои ҳарранга дарбеҳ кардаанд ва ё ҷомаест, ки аз малафа дуруст кардаанд. Пас миёни ҳирқа, лола ва атлас чӣ муно- сибате пайдост? Агар байт чунин таълиф меёфт, ба фикри мо, беҳтар мешуд:
Шукуф, эй лолаи пӯшидаатлас,
Ба сурхӣ ғарқ кун хайли чаманро.
Дар байти зерини Баҳорӣ низ калимаи «ҳаяҷон» сахт но- ҷоя истеъмол шудааст:
Ҳаяҷон ҳамла намояд сӯям,
Сурати неки туро не ӯям.
Ҳаяҷон ба маънои ваҷд, завқу завқ буда, ҳолати субъект- тиви инсон аст ва ин ҳолат ё ба ранги хушҳолӣ ва ё баръ- акс ба ранги хузну хафагӣ тазоҳур мекунад. Ҳаяҷон ҳолатест, ки аз таҳи дил ҷӯш мезанад ва инсонро ба хандаву шодӣ ва ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё