Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
бе тартиб медиҳад, тасриф мекунад ё ки баъзе ҳарфҳоро тағйир мекунад ва ё меафзояд.
Хилофи қиёс ба навъҳо ҷудо мешавад:
а) Калимаҳои нотамом: «колев» ба ҷои «колева», «шаъбада» ба ҷои «шаъбадабоз», «муғ» ба ҷои «муғкада» ва ҳоказо.
Барад аз маърифатҳо розро рев¹,
Сари моро макун, эй шайх, колев²,
Ғалат кардам дар ин сурат, ки гуфтам
Занахдони нигори хешро сев.
(Саид Имоуддин).
Ин ҷо шоир барои қофия калимаи «колева»-ро ба шакли «колев» ва «сев»-ро ба шакли «сев» дохил кардааст.
Инчунин шоир дар байти зерин калимаи «нилуфар»-ро барои қофия ба шакли «нилуфал» тағйир додааст:
Оби ангуру оби нилуфал
Мар-маро аз абиру мушк бадал.
(Абдӣшукур).
Дар ин байти Муҳаммад Яъқуби Бухороӣ, ки шоири аввали даври манғит аст:
Ҳафтоду ҳафт сол дар ин хокдони даҳр
Аз даври чархи шаҳбада умри баҷо гирифт,
ба ҷои «шаҳбадабоз» «шаҳбада» зикр ёфтааст, ки ин гуна нимбур кардани калима ҷоиз нест.
Туғрал дар байти зерин калимаи «муғ»-ро, ки ба маънои марди рӯҳонӣ, пешвои дини зардуштӣ меояд, ба маънои муғкада, дайр, майкада овардааст:
Биё, соқиё, ҷон фидои туам,
Ту шоҳӣ ба муғ, ман гадои туам.
Шакли аслии калимаи «дабистон» (мактаб) «дабиристон»
аст. Вале дар байти зайл Туғрал барғалат шакли аслии онро «адабистон» гумон кардааст:
Агарчи аз адабистони васл маҳрумам,
Ҳанӯз дарси ғами ишқи ту маро ёд аст.
Дар байти зерин ҳам калимаи «шар», ки ба маънои бадӣ буда, исм аст, ба ҷои сифати «пуршар», «пуршарру шӯр» зикр шудааст:
Соқиё, дар базми мо паймонаро лабрез кун,
Маҷлиси Туғрал бувад аз соғари саршор шар.
¹ Рев — макру ҳила, фиреб.
² Колева — саргашта, ҳайрон, аблаҳ, нодон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё