Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Пардаи дил гесӯи ӯ бофтӣ,
Соди ҷон бозуи ӯ тофтӣ.
Аз ҳадди¹ ӯ ҷаннати аъло хиҷил,
В-аз қади ӯ тинати тубо² ба гил,
Турраи ӯ офати ҳар саркаше,
Ғамзаи ӯ меҳнати ҳар сархуше.
Ғунчаи гулшакари ӯ дилрабой,
Ғамзаи ҷонпарвари ӯ дилкушой.
Сад дилу ҷон хастан абрӯш буд,
Сад тану сар бастан гесӯш буд.
Мӯҳташам аз пайкари ӯ нақди чоғ,
Мунъакид³ аз гавҳари ӯ қадри кон,
Аз гули ӯ сунбули тар тоб дошт,
В-аз махи ӯ дидаи хур⁴ об дошт,
Наргиси ӯ моили хоби мубоҳ,
Лолаи ӯ ташнаи оби салоҳ.
Чун хади худ миннати зебош буд,
Чун қади худ бахти дилорош буд.
Аз қади ӯ чобукӣ овезае,
Аз хати ӯ нозукӣ андозае,
Хисравӣ аз кишвари ӯ ҳиссае,
Некӯӣ аз дафтари ӯ қиссае,
Хоҳиши ҷон хаста аз ҳадди ӯ,
Ростӣ ороста аз қади ӯ.
Ахтари ӯ талъати тобанда дошт,
Чокари ӯ давлати поянда дошт,
Наргиси ӯ бо фитна омехта,
Сунбули ӯ аз суман ангехта,
Нофаи ӯ анбари тар бехтӣ,
Пистони ӯ қанду шаккар рехтӣ.
Соғари мул⁵ нафҳае⁶ аз бӯи ӯ,
Дафтари гул сафҳае аз рӯи ӯ.
Шаммае аз накҳати бӯяш чаман,
Накҳате аз гулшани рӯяш саман.

Ин порчаи боло ба иловаи ин ки маҷмаулбаҳрайн ва зуқӯфиятайн аст, аксар байтҳои он дар санъати тарсеъ гуфта шудааст. Ҳарчанд ки ин байтҳо хеле равон ва зебо менамоянд, вале аслан маҳсули кӯшишҳои шаклпарастонаанд, ки шоир диққати асосиро ба зебоии зоҳирии асар ва техникиаи шеър додааст.

Аз рӯи маълумоти Қабул Муҳаммад дар «Ҳафт кулзум»
Амъақи Бухороӣ маснавии «Юсуфу Зулайҳо» навиштааст, ки ба ду баҳр ва баъзе аз байтҳоро ба се-чор вазн хондан мумкин аст.

_______________________________ ¹ Ҳад — гуна, чеҳра, рухсор.
² Тӯбо — номи дарахти афсонавӣ, ки гӯё дар биҳишт будааст.
³ Мунъакид — басташуда.
⁴ Дидаи хур — чашми офтоб.
⁵ Соғари мул — пиёлаи май.
⁶ Нафҳа — як бор вазидани бод ё бӯи хуш.

пешина
аз 303
навбатӣ