Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Шом ар биёй дар барам, эй офтоби авҷи ҳусн,
Шак нест, к-ин ринди гадо гардад аз он султони Шом.
(Воҳиди Табрезӣ).

З-ин беш поён суханам нест, чун кунам,
Бастам бар аспи хомӯшӣ аз изтироб зин.
Мақол аз ситами фақр, з-он ки дар ҳама хол
Беҳ аст кунҷи қаноат зи ганҷи молу манол.
(Ҳафт қулзум).

Ин намуди санъати баргардониш аз ҷумлаи таҷнисоти лафзист.
2. Навъи дуюми баргардониш он аст, ки калимаи дар ҳашви мисраи 1-ум зикрёфта дар аҷуз бармегардад:
а) Калимаи такроршаванда шаклан ва маънан якест:

Агар бутгар чу ту пайкар нигорад,
Марезод ин хуҷаста дасти бутгар.
Ва гар озар чу ӯ донист кардан
Дуруд аз ҷони ман бар ҷони озар.
(Дақиқӣ).

Бор бар гову нола бар гардун,
Говро нест тоқати нола.
(Сӯзанӣ).

Ёр бигзашт аз ҳама хандону аз мо хашмноқ,
Умр бар ман мушкилу бар дигарон осон гузашт.
Чун гузашт аз дил хадангаш гӯйӣ тири аҷал,
Ҳарчӣ ояд бигзарад, чун ҳарчи омад, он гузашт.
(Ҳилолӣ).

б) Калимаҳои такрор шаклан якранг ва маънан дигаргунанд:

Қавме бибастаанд миён бар хилофи ман,
Ҷӯянд номи хеш ҳаме андар ин миён.
(Рашиди Ватвот).

Агарчӣ дур кутуб аз қавли ровиёни ҳадис
Зи ҷуди Ҷаъфари Бармак ҳикоятест самар,
Ҳисоби Ҷаъфар бо ту намекунам, зеро-к
Ба баҳр монию ҷӯй аст дар луғат ҷаъфар.
(Ҳафт қулзум).

  1. Калимае, ки дар охири мисраи аввал (арӯз) аст, дар охири байт (аҷуз) такрор меёбад.
    а) Ҳар ду калимаи такрор шаклан ва маънан яке мебошанд:

Ба меҳтарӣ дигаре нест мислу монандат,
Ба шеър агар дигаронанд мислу монандам.
(Сӯзанӣ).

пешина
аз 303
навбатӣ