Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

байтҳои як порча гоҳе бо муштакқоташ такрор меёбад. Ин гуна такрор бештар ба устоди бузурги сухан Низомӣ хос аст. Ӯ дар баъзе мавридҳо калимаеро чунон бозӣ медирад, ки хонандаро дар ҳаяҷон ва завқ меорад. Аз ҷумла калимаи сар, чашм, мӯй, ҷигар, дил ва монандӣ инҳоро бо қаринаҳояш кор фармуда, аз онҳо натиҷаҳои фалсафӣ мебарорад.

  1. Такрори айни феъл ва ё исм ва ё сифат дар як қатор:

Гар зи дасти зулфи мушкинат хатое рафт, рафт.
В-ар зи ҳиндуи шумо бар мо чафоуе рафт, рафт.
Барқи ишқ аз хирмани пашминапӯше сӯхт, сӯхт, Ҷаври шоҳи комрон гар бар гадое рафт, рафт.
Гар дилам аз ғамзаи дилдор тобе бурд, бурд.
Дар миёни ҷону ҷонон моҷарое рафт, рафт.
Дар тариқат ранҷиши хотир набошад, май биёр, Ҳар кудуратро, ки бинӣ чун сафое рафт, рафт.
Ишқбозиро таҳаммул бояд, эй дил, пойдор, Гар малоле буд буду гар хатое рафт, рафт.
Аз суханчинон маломатҳо падид ояд, вале Чуи миёни ҳаминнишин он моҷарое рафт, рафт.
Айби Ҳофиз, гӯ, макун зоҳид, ки рафт аз хонақоҳ Пон озодон чӣ бандӣ, гар ба ҷое рафт, рафт.

Матлаи зерини Ҷомӣ мисоли барҷастаи такрир аст:

Эй турраи ту ҳам-ҳаму гесу гиреҳ-гиреҳ,
В-аз чашди печ-печи ту ҳар мӯ гиреҳ-гиреҳ.

Матлаи як ғазали Лоҳутӣ:

Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй меҳан, Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, меҳан, эй меҳан.

Баргардониш

Пеш аз он ки моҳияти ин санъатро эзоҳ диҳем, ҳаминро гуфтан лозим аст, ки дар арӯз ва илми бадеъ аввали байт садр, охири байт аҷуз 1, охири мисраи аввал арӯз, аввали мисраи дуюми ибтидо ва миёнаи мисраъҳо ҳашв ном дорад.

Санъати баргардониш такрор шудани яке аз ин ҳиссаҳои байт буда, аз намудҳои санъати такрир ҳисоб мешавад. Баргардониш ба ду қисми калон ҷудо мешавад:

  1. Агар шоир калимаи дар садр зикрӯфтаро боз гашта дар аҷуз такрор намояд, рад-ус-садри ил-ал-аҷуз ном мегирад.

Асо баргирифтам на мӯъҷиза бувад,
Ҳаме аждаҳо кард бояд асо.
(Равоирӣ).

Қарор аз дили ман рабуд он нигор,
Бад-он анбарин турраи беқарор.
(Рашиди Ватвот).

  1. Аҷуз ё аҷиз — дунболаи чизе.
пешина
аз 303
навбатӣ