Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Зукофиятайн
(Дукофия)
Гоҳо баъзе аз шоирон шеъре мегӯянд, ки дар ҳар байти он ду қофия илтизом мешавад. Агар ин санъат аз ғайри такаллуф ба зуҳур анҷомад ва дар ҳолати табиӣ воқеъ шавад, чӣ хуш, вагарна он шеър як чизи ғайрисамимӣ ва сохтае хоҳад буд. Ин санъат низ як намуди илтизом аст.
Аз «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ ду байти зерин, ки хеле табиӣ ва самикӣ воқеъ шудааст, мисоли барҷастаи ин санъат мебошад:
Лайлӣ ба карашма зулф бар дӯш,
Маҷнун ба вафош ҳалқа дар гӯш.
Лайлӣ зи берун паранд1 медӯхт,
Маҷнун зи дарун сипанд месӯхт.
Дар байти аввал калимаҳои «бар дӯш» ба калимаҳои «дар гӯш» ҳамқофияанд, ки ҳар кадом аз ду калима иборатанд. Инчунин дар байти дуюмӣ калимаҳои «зи берун паранд медӯхт», ба калимаҳои «зи дарун сипанд месӯхт» ҳамқофия шудааст. Ин байт асосан ба санъати тарсеъ наздик буда, тарсеи ноқис аст.
Дар ин ғазали Камол санъати зукофиятайн аз аввал то охир риоя шудааст:
Ошиқонат ба саҳарҳо, ки дуо мегӯянд,
Ба дуо бӯи ту аз боди сабо меҷӯянд.
Ман ба сар мераваму дида ба роҳи талабат,
Бераҳӣ бин, дигаронро, ки ба по мепуянд.
Чист бар куштан дилдор басе гиряи зор,
Чун шудаш ҳар сари мӯ зинда, киро мемуянд?
Ашқҳоро бизан, эй дидаи гирён, ба замин,
Ки чаро хоки раҳаш аз рухи мо мешӯянд.
Зулфи ту карда раҳо ғолиямӯён ҳито,
Нофаи оҳуи мушкиин ба хато мебӯянд.
Бо вуҷуди қади дилҷӯю гули худрӯяш
Дар чаман сарву гул аз боду ҳаво мерӯянд.
Шеъри ту чун ҳама гӯянд, ки сеҳр аст, Камол,
Дӯстон ин суханат шеър чаро мегӯянд?
Дар ин шеър на танҳо калимаҳои дуо, сабо, по, киро ва ғайра ҳамқофияанд, балки калимаҳои мегӯянд, мепӯянд ва ғайра низ қофияи дуюми байтҳоро ташкил кардаанд. Чунон ки худи Камол дар байти охир ишора кардааст, ин шеърро сеҳри ҳалол метавон номид 2.
1 Паранд — порчаи нафиси бирешимӣ.
2 Сеҳру ҷоду дар шариати ислом ҳаром аст, аммо сеҳри сухан, яъне шеъри олиро ҳилол ҳисоб кардаанд. Шеъре, ки шоир дар он доди сухан додааст ва гӯё бо сухани бадеӣ сеҳру мӯъҷиза эҷод намудааст, сеҳри ҳилол номида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё