Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Сабр бошад ин дили шӯридаро ночор чор
Мурғи ҷонам то ба доми зулфи мушкаинат фитод,
Рӯзи ман шуд бар мисоли нофаи тотор тор.
Ман, ки ғамхори туам умре, нигоро, эй аҷаб,
Мешуморад муддаи дарда мани ғамхор хор.
Лоҷарам ҳамчуи Ризо саргаштан ӯ то абад,
Ҳар киро дил шуд шикори ғамзаи тотор тор.
Гоҳе дар миёни ду калимаи ҳамҷинс калимаи изофакунандае ва ё дар охири калимаи аввал бандаки соҳибӣ дохил мешавад, чунон ки дар ин рубоӣ ҳаст:
Афтод маро бо дили маккори ту кор,
Афганда дилам дар ин ду гулнори ту нор.
Ман монда ҳичил ба пеши гулзори ту зор.
Бо ин ҳама дарду чашми хунхори ту хор.
Ё ки
Эй гӯйзанах, сухан зи гӯят гӯям,
В-эй мӯймиён, зи ишқи мӯят мӯям,
Гар об шавам, гузар ба ҷӯят ҷӯям,
В-ар сарва шавам, ба пеши рӯят рӯям.
(Муиззӣ).
Мисоли дигар:
Чун ба тарфи ҷӯй биимояд гули худрӯй рӯй, Чун бо маъшуқ май хӯрдан канори ҷӯй ҷӯй Бурда аз марҷон ба гуна лолаи Нӯъмон¹ сабак Бурда аз мутриб ба дастон булбули хушгӯй гӯй Бистад аз ёкуту буссад² лолаи гулнор ранг, Ефт аз кофуру анбар ҳайрию шаббӯй бӯй.
Чашми ман чун чашмаи Омӯй гашт аз ҳаҷри ӯ, Тан ба хун дардод ҳамчун чашмаи Омӯй мӯй.
Кӯҷ гардад бар сипеҳр аз ишқи ӯ ҳар моҳ мох, Хуни дил ҳар дам кунад з-ин чашми ман бероҳ роҳ.
(Қатрон).
Таҷниси хат
Ин санъат асосан ба алифбои арабӣ махсус аст. Масалан миёни ҳарфҳои «с» ва «ш» (س ва ش) фарқ танҳо дар нуқта мебошад. Чунон ки дар калимаҳои «маскан» ва «машкан». Ҳофиз мегӯяд:
Диламро шуд сари зулфи ту маскан,
Бад-ин сонаш фурӯ мағзору машкан.
Навъи дигари таҷниси хат иборат аз ҳамҷинс омадани яке аз ҳамсадоҳои охири калима мебошад. Мисоли зерин аз Муиззӣ аст:
¹ Мансуб ба Нӯъмон ном подшоҳе, ки лоларо дӯст медоштааст.
² Буссад — марҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё