Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

«Ин сон»-и якум аз рӯи талаффуз ва оҳанг аз «ин-сон»-и дуюм фарқ мекунад, «ин сон»-и якуми ба маънои ин гуна буда, «инсон»-и дуюми ба маънои одам аст.
Чанд мисоли дигар барои таҷниси мураккаб:

Касеро, ки дастат расад, даст гир,
Ки фардо ҳамон бошадат дастгир.
(Ҳофиз).

Моҳазар нест ба бозор сивои манту,
Гӯшна мондӣ, агар имрӯз ба ҷои ман ту.
(Савдо).

Таҷниси мукаррар

(Муздаваҷ)

Таҷниси мукаррар (такрор) он аст, ки дар охири байт калимаҳои ҳамҷинс паҳлуи якдигар оварда мешаванд. Яъне гӯё як калима ду бор такрор меёбад ва ҳар кадом дорои маънои ҷудогона мебошад. Ин қисм таҷнисро муздаваҷ низ меноманд, ки ҷуфт гуфтан аст.

Таҷниси мукаррар чунин намуде ҳам дорад, ки дар охири мисраъ калимаи том не, балки як қисми он такрор мешавад.

Агарчӣ ҳаст гулатро чу ман ҳазор ҳазор,
Маро ба даст наёяд чу ту нигор нигор.
(Салмони Соваҷӣ).

Дар ин ҷо «ҳазор»-и якум ба маънои булбул буда, «ҳазор»-и дуюм ба маънои шумора аст. Инчунин «нигор»-и якум ба маънои дилбар буда, «нигор»-и дуюм маънои нақшу суратрро дорад.

Давоми ин шеър чунин аст:

Бар тарафи ҷӯйбор мае ҳамчу нӯш нӯш,
Акнун ки кард замзама бар шоҳсор сор¹.

«Нӯш»-и якумӣ шарбати давоии гуворои ҷонбахш аст, «нӯш»-и дуюмӣ аз феъли нӯшидан (асоси замони ҳозира) мебошад. Ин ҷо дар охири мисраи дуюм фақат нисфи калима такрор шудааст.

Ғазали зерин аз Ризо ном шоир:

Ери сангиндил чу шуд бо мардуми ағёр ёр,
Эй дили шӯрида, сел аз дидаи хунбор бор,
Ҷони ширинро ба савдо додию судат набуд,
Чанд чун Фарҳод гардӣ бар сари бозор зор,
Чораи кори ман он буд, чу намесозад ба васл,


¹ Сор — номи мургест хушхон.

пешина
аз 303
навбатӣ