Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

он санъат биписанданд, ҳосил намекунад, ба даъвии он беруп намеояд, кардаву сохтаи хеш ба маниязид (кӣ зиёд?)-и арз намебарад. Магар мешавад, ки ҳар кас сухани мавзун ва номавзуи бишнохт ва қасидае чанд қаж-маж ёд гирифт, аз дусе девон чанд қасида дар мутолиа овард, ба шоирӣ сар бармеоварад? Ба муҷарради назми орӣ (холӣ) аз покизагии алфоз ва таркиби маъонӣ худро шоир мепиндорад. Ва чун ҷоҳиле шефтаи табъи хеш ва муътакиди шеъри хеш шуд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз он эътикод бознатавон овард ва айби шеъри ӯ бо ӯ такрир натвон кард. Ҳосили иршод ва насиҳати ӯ ҷуз он набошад, ки аз гӯянда биранҷад ва сухани ӯро баҳонаи бухл ва нишони ҳасади ӯ шуморад...

Аз рӯи инсоф модоме ки анвои сухани мардум ҳамчун асноф ва табақоти халқ гуногун ва тафовутнок аст, баъзе нек, баъзе бад, баъзе малеҳ, баъзе хунук ва ҳама дар муомолати халқ ба кор меояд ва дар истеъмолот лозим меояд, чунон ки базла¹; нохуш ва музҳикан² номуносиб, дар маҷлиси бузурге чунон таъсирнок мебарояд ва гӯяндаи он манфиате меёбад, ки бисёр базлаҳои хуш ва музҳикаҳои ширини даҳақи онро ба худ намебинад. Вақте ки масхарабозон бо калимаҳои бемаънӣ ва паст дар баъзе маҷлис чандон хушдилӣ дар мардум пайдо мекунанд, ки бисёр қавлҳои (суруд) бадеъ ва таронаҳои латиф наметавонад. Модоме ки чунин аст, сухани касеро рад кардан ва онро дар рӯи ӯ бо он сухани сард гуфтан аз эҳтиёту ақл дур буда, дар қонуни ахлоқи некӯ мамнӯъ аст.

Аммо агар касе хоҳад, ки дар фани шеър ба дараҷаи камол расад ва суханро чунон орояд, ки писанди арбоби табъ бошад, бояд ҷаҳд кунад, то наср ва назми ӯ ба калимаҳои покиза ва маъниҳои латиф ороста ояд, чунон ки суратҳои маънии бадеъ дар либоси калимоти суст сар фуруд наёрад, ба нукуши иборати балиғро ба рӯи маънии суст пӯшонидан фирефта нашавад. Чи маънии беиборат ҳеҷ тароват надорад ва иборати бемаънӣ ба ҳеҷ наояд. Калимаҳо ба масобаи (монандӣ) зарфҳои маънист ва маъонӣ ҳамчуни матои ӯст. Пас ҳар сухане, ки дар он маънии латиф набошад, табъи аҳли тамиз ба он майл намекунад, ҳамчунон бошад, ки зарфи холӣ ва дар вай матоъ набувад.

Бояд ки шоир дар навбати аввал ба ҳеҷ ҳол ба гуфта ва пардохтаи худ эътимод накунад, то вақте ки онро як-ду бор ба нокидон (нақдкунандагон, мунакқидон)-и сухан ва дӯстони фозили
мушфиқ арз надорад, хатоиву савоби онро аз онҳо ба тариқи талаби раҳнамоӣ нашунавад, онҳо ба сиҳати назму қабули вазн
ва дурустии қофият ва ширинии алфозу латофати маънои он
ҳукм накунанд, онро ба манасаи арзи омма нанишонад ва дар
маҷрази писанд ва нописанди ҳар кас наёрад. Вақте ки соҳиб-


¹ Базла — мутоиба, латифа.
² Музҳика — хандаовар.
³ Насси сареҳ — каломи муътабари сареҳ.

пешина
аз 303
навбатӣ