Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Австрияро ба ҷониби худ кашид ва Данияро маҷбур сохт, ки таслим шавад. 14 июни соли 1866 Бисмарк Иттиҳоди Олмонро ғайриқонунӣ эълон кард. 3 июли соли 1866 муҳориба ба фоидаи Пруссия анҷом ёфт. Ҳамин тариқ дар маркази Аврупо давлати абарқудрате ба миён омад. Дар Берлин ба шарафи Бисмарк ҷашн оростанд. Хизматҳои ӯ ба тарзи шоҳона қадр гаштанд. Вай аз минтақаи Руммелсбург мулки Варсинро харид.

Дар ин байн Иттиҳоди гумруктии Олмон фоидаи чашмдошти Бисмаркро муҳайё насохт.

Вакилони кишварҳои ҷанубӣ ба муттаҳидшавӣ зид мебаромаданд. Барои ваҳдати миллат ҷанг лозим буд ва Бисмарк ба ин мақсадаш расид. Дар хусуси номзад ба тахти шоҳи Испания Олмону Франция ба як хулоса наомаданд ва ин боиси ҷанг шуд. Иттиҳоди Олмон қувват гирифт. Тирамоҳи соли 1870 ба Иттиҳоди Олмони шимолӣ давлатҳои Олмони ҷанубӣ ҳамроҳ гардиданд. Ҳамин тавр, империяи Олмон таваллуд ёфт. 18 январи соли 1871 Вилгелми I император эълон гашт. Бисмарк ба унвони княз ва мулки Фридрихер соҳиб шуд. Баъди қабули сарқонуни империяи Олмон Бисмарк дар як вақт ҳам канслери империя, сарвазир ва ҳам вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Бисмарк барои эмин доштани кишвараш бо Русия, Австро-Венгрия, Италия, Англия чандин созишномаҳо ба имзо расонда, хавфи ҳуҷуми Францияро бартараф сохт. Ба ӯ муяссар гашт, ки сулҳро дар Аврупо пойдор созад. Империяи Олмон дар сиёсати байналмилалӣ яке аз давлатҳои муқтадир гардид.

Солҳои 1881-1889 «қонунҳои иҷтимоӣ» қабул кард (дар хусуси суғуртаи коргарон, нафақаи пиронсолӣ ва маъюбӣ). Баъди вафоти Вилгелм (9 марти соли 1888) ва ҳукмронии семоҳаи Фридрихи III ба тахт Вилгелми II-и 29 сола нишаст. Бо шоҳи ҷавон кор кардан душвор гашт ва Бисмарк истеъфо дод. Вилгелми II ба ӯ унвони герсог фон Лаузенбург ва генерал-фельдмаршалиро арзонӣ дошт. Канслери маъзул ба мулкаш баргашт ва 30 июли соли 1898 ба қавли писараш Герберт «орому осуда» ин дунёро падруд гуфт.

пешина
аз 424
навбатӣ