Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

соли 1855 ва баъдтар, баҳори соли 1857 ба дарбори Наполеони III ташриф овард. Сафири Пруссия императорро бо гуфтору рафтор қоил намуд. Муносибати дӯстонаро бо Франция Бисмарк «на шӯҳратпарастӣ, балки талаби худнигаҳдорӣ» мепиндошт. Нигоҳ доштани робиtai дӯстона бо Русия ва дар айни замон наранҷондани Франция сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Пруссия буд. Бисмарк аз ҷанг бо Русия бар манфиати Австрия бисёр хавотир мекашид.

Соли 1859 Бисмарк дар Санкт-Петербург сафир таъин мегардад. Дар рафти ҷанги Италия Бисмарк ба хулосае расид, ки Русия дар «барномаи концертии Аврупо» новобаста аз шикасташ дар ҷанги Қрим нақши калидӣ мебозад. Иқлими Петербург ба саломатии Бисмарк мувофиқ наомад. Ӯ аз Русия рафт ва наздики як сол дар Олмон зист. 22 майи соли 1862 Бисмарк сафири Пруссия дар Париж таъин гашт. Ҳамон сол сарвазири Пруссия мешавад. Пас аз вазир-президент таъин шудан Бисмарк мавқеи худро чунин иброз дошт: «Олмон ба либерализми Пруссия коре надорад, диққаташ ба нерӯи вай аст. Масъалаҳои муҳиму бузурги замона бо суханрониҳо ва қарорҳои порлумон ҳал намешаванд, ин хатоии солҳои 1848-1849 буд, баракс бо оҳану хун амалӣ мегарданд». Бисмарк аз боварии беқиёси Вилгелм дар ҳалли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ фоида мебурд. «Ман ба мисли шумо ду даст дорам, вале дар як вақт панҷ саққоҷаро якбора боло партофта ва дошта наметавонам», - мегуфт шоҳ бо шавқ ба Бисмарк.

22 январи соли 1863 дар Полша бар зидди русҳо шӯриш хест. Ин барои Бисмарк бахти ногаҳонӣ буд. Вай аз ин ҳодиса баҳри эҳёи робитаи Пруссияю Русия фоида бурд. 15 ноябри соли 1863 шоҳи Дания Фридрихи VII вафот кард ва ба тахт вориси ӯ Кристиани IX нишаст. Филфавр саволе ба миён омад: соҳиби Голштин ва Шлезвиги бо Дания ҳамроҳгашта кӣ мешавад? Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ масъала басо торик буд. Аз он Бисмарк хуб истифода бурда тавонист. Дар рафти ҷанги соли 1864 Бисмарк

пешина
аз 424
навбатӣ