100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
хонабардӯшон бошаму дар роҳи Худо хизмат намоям. Исо даъват мекард, ки умрамро ба хизмат дар роҳи Худо бахшам, аз пайи Исо равам, дар байни муфлисон бошам, мададгорашон гардам. Бо онҳое бошам, ки барояшон Исо азоб мекашад ва дӯсташон медорад ва дар ниҳодашон маъво гирифтааст».
Модар Тереза барои ифтитоҳи иттиҳодияи роҳибии шахсиаш кӯшид. Танҳо соли 1950 баъди шахсан бо папаи Рим вохӯрдан барои ин иҷозат ба даст овард. 30 сентябри ҳамон сол дар Калкутта роҳибаи католик Иттиҳоди (ордени) хоҳарони шафқатро бо мақсади ягонаи ёрӣ расонидан ба бенавоён таъсис дод.
Онҳое, ки узви иттиҳод мешуданд, бояд ҳатман ду шартро риоя мекарданд: камбағалӣ ва хизмат ба муфлисон. Дар ин ҳолат модар Тереза, ба мисли Исои Масеҳ, аз хоҳарон талаб менамуд, ки аз дорой, оила ва хоҳиши модар шудан даст кашанд. Онҳоро танҳо заҳмат — заҳмати беохиру беқадр интизор буд.
Хоҳарон на танҳо ҷон дар рамақ мондаҳо, балки аз беморхонаву маҳбасҳо кӯдаконро низ гирд меоварданд. Баъзеро пулис, дигаронро одамон дар назди дайр мегузоштанд Аз ягон тифл модар Тереза рӯй нагардондааст. Даҳ ҳазор нафар махав дар беморхонаҳои махсуси модар Тереза паноҳгоҳ ёфт.
Заҳмати тоқатшикани модар Тереза то соли 1964, то замони ба Ҳиндустон сафар намудани папаи Рим Павели VI аз чашми ҳамабини журналистон низ пинҳон буд. Баъд ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ меёбад, соҳиби мукофоту ҷоизаҳо мегардад. Барои фаъолияти инсондӯстиаш модар Тереза соли 1979 ба Ҷоизаи Нобел барои сулҳ сазовор мешавад. Ӯ маблағи мукофотҳоро пурра ба рушди фаъолияти иттиҳодаш бахшидааст.
В. Эрлихман менависад: «Баъди як табобатгоҳ дигарҳояш пайдо шуданд. Аз пайи онҳо хонаҳои кӯдакон, марказҳои
эмгарӣ, «шаҳри сулҳ» барои махавҳо қомат афрохтанд. Ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё