100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Модар Тереза
(1910-1997)
Модар Терезаро, ки 5 сентябри соли 1997 дар Калкутта дунёро падруд гуфт, на танҳо масеҳиён, балки кулли мардуми гети зани муқаддас хондаанд.
«Дар нимаи аввали асри XX роҳи муборизаро бар муфлисӣ ғояҳои Маҳатма Гандӣ мунаввар менамуд, дар нимаи дуюм бошад - хештансӯзиҳои модар Тереза», - гуфта буд сарвазири вақти Ҳиндустон Индер Кумар Гуҷрал.
13 сентябр, рӯзи дафни ӯ, дар Ҳиндустон мотами миллӣ эълон шудани низ тасодуфӣ набуд. Ба марги ин зани ба дини дигар тааллуқдошта, дар ҳақиқат, тамоми кишвар гирист. Дар воқеъ бо ӯ ҳамчун бо зан - апостол ё «фариштаи ғамгусор» видоъ мекарданд. Ва ҳамин тавр номида буд варо президенти Ҳиндустон Нарайанан.
Ангесса Гонҷа Бояҷиу соли 1910 дар шаҳри Скопйе, дар оилаи баққоли сарватманди албанӣ таваллуд ёфтааст. Духтарак ҳанӯз дар дувоздаҳсолагиаш аллакай медонист, ки хизмати ояндаи вай дар роҳи Худо бо бенавоёну дардмандон пайванд мешавад. Ин ҳодисаро ҳоло шарҳ додан душвор аст.
Вай ба дайр меравад, маросими мӯйтароширо анҷом медиҳад, роҳиба мешавад, номи Терезаро мегирад. Аммо дар хусуси ҳаёти афсонавии дайр ба дил чизе роҳ намедиҳад. Дар ҳаждаҳсолагиаш оилаашонро тарк месозад, ба Иттиҳоди хоҳарони лоретанӣ мепайвандад. Қариб як сол дар Дублин мемонад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё