100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
дар Гурҷистони асри XXI, агар ҳамапурсӣ гузаронед, ҳамчун инсони аз ҳама шинохтаю маъруф Тамараро ном хоҳанд гирифт. Ҳамаи қасру кӯшҳои бостонӣ, пулҳое, ки соҳилҳои дарёҳо ва дараҳоро ба ҳам пайвастаанд, манораҳо ва дайрҳо, ба ақидаи мардуми таҳҷой, маҳз бо кӯшишҳои шоҳбону бунёд ёфтаанд. Гӯё ба ғайр аз ӯ дигар касе ба рушди ин кишвар саъй наварзида бошад. Тамараи Кабир, дар воқеъ, империяи бузургеро ба миён овард, ки паҳноияш аз баҳри Хазар то баҳри Сиёҳ мерасид ва дигар дар замони ягон шоҳе ин қадар тавоно набуд. Тамара «модари ҳақиқӣ»-и маданияти Гурҷистон низ ба ҳисоб меравад. Дар сайёраи Замин буданд шоҳбонуҳои зӯр, тавоно, боақлу рой, ботадбир, ки бо раъйи худ чархи таърихро ба роҳи дилхоҳ тоб медоданд, вале ҳамчун шахсияти шинохта, ки тавониста бошанд, ки як миллати комилро ба шакл дароранд, ангуштшуморанд. Дар замони шоҳигарии Тамара нишонаҳои менталитети миллати гурҷӣ шакл гирифтанд, шоирони тавоно, меъморони бузург, мутафаккирони закӣ, олимони фақеҳ таваллуд ёфта, ба камол расиданд, эътибори миллати гурҷӣ дар байни дигар халқҳои кишварҳо ба маротиб боло рафт. Ҳангоми зиёрати қадамгоҳҳои бузургворони дин ҳамдиёрони Тамара аз пардохти боҷу хироҷ озод буданд. Султонони Туркияву Миср хизмати сарбозони гурҷиро ба сифати посбонони шахсӣ боиси ифтихор медонистанд. Дар хусуси сабру таҳаммул ва ақли гирои занони гурҷӣ дар Осиёи Сағир достону ҳиссаҳо бофтаву сурудҳои зиёд гуфта мешуданд.
Вале замони давлатдории Тамара на хушу гуворо, балки бо ҷангу ҷидол, фитнаву дасирабозиҳо оғоз ёфт. Ҳарчанд бобокалони ӯ худи Довуди Бинокор ба ҳисоб мерафт, Тамара ягон ҳуқуқи ба тахти шоҳӣ нишастан надошт. Бобояш Дмитрий Багратион, ки Тамара бевосита ба шаҷараи ӯ тааллуқ дошт, соҳиби ду писар – Довуд ва Георгий буд. Дар пириаш вай тахту тоҷро ба фарзанди калонӣ супурд ва баъд ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Вале пас аз ним сол Довуд низ ногаҳон бандагиро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё