100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дунайро ба даст овард. Вай мехост ҳудуди давлати Русро аз соҳилҳои Волга то Дунай расонад. Аммо ин он вақт танҳо орзу буд.
Шоҳбону Олга ба тарбияи набераҳо диққати ҷиддӣ медод. Махсусан бештар бо Владимир «ндармон мешуд ва дар мағз андар мағзи кӯдак дини исавиро ҷой мекард.
Дар яке аз муҳорибаҳо бо печенегҳо Святослав кушта шуд. Князи печенегҳо Курей сари ӯро бурида, аз косахонааш қадах сохт ва онро бо тилло ва ёқуту марворид оро дода, дар ҷашнҳо бода менӯшид. Баъди фавти шоҳбону Олга набераи дӯстдоштааш Владимир русҳоро исавӣ гардонд. Соли 1547 Олга ба силки кудсиён дароварда шуда шахси муқаддас эълон гашт.
Мегӯянд, ки дар болои мақбараи Олгаи муқаддас тирезае будааст ва, агар касе бо дили софу нияти нек ва эътиқод аз он ба дохили мақбара назар афканад, дар вучудаш тавоной эҳсос карда, ба назараш рӯшноие менамудааст, вале эътиқодаш қавӣ небошад, танҳо гӯрро медидаасту бас.
Олгаи муқаддас ҳомии Русия ва модари маънавии халқи рус ба ҳисоб меравад.
МУРАСАКӢ ШИКИБУ
(Солҳои зиндагиаш 978-1030)
Нависандаи ҷопонӣ, ки баъди офаридани асари таърихии «Достони Генжӣ» маъруф гаштааст. Аммо ҳайратовар аст, ки хонандагони мо ин эҷодгари машҳури дунёро қариб ки намедонанд. Ҳол он ки саҳми дар рушди адабиёт гузоштаи ин бонуро, ки зери таҳаллуси пурасрори Мурасакӣ Шикибу пинҳон шудааст, аз нав баҳогузорӣ кардан душвор аст. Ба ӯ шарафи кашфи новелла ва ҳам ҷорӣ намудани бисёр навгониҳои адабӣ, ки то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё