Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вақте ки замони домодшавии княз фаро мерасад, духтарони бисёр соҳибмансабҳо баҳри арӯсӣ ба Киев меоянд. Аммо Игор ба Псков бародараш Олегро фиристода, Олгаро ба қасраш меорад. Кӣ медонад, шояд издивоҷи онҳо иродаи Парвардигор буд ё ҳодисаи тасодуфӣ ва ё ба ин ақли солими княз сабаб гардид. Ба ҳар ҳол шоҳбону Олга ба зудӣ зимоми идораи кишварро ба дасти сап-сафеди гирояш гирифт. Дар соҳили дарёи Днепр хаймаҳои зиёд қад афрохтанд ва он бо номи шаҳраки Олга маъруф гашт. Ва ноаён аз қасри Киев маркази давлатдорӣ ин ҷо кӯчид.

Игор бештар вақт ба юришҳо банд буд, аз ин рӯ ба Олга зарур меомад, ки масъалаҳои чигили сиёсиро новобаста ба дарисабозиҳои дарбориён ҳал намояд, ба шикояти одамон ҷавоби боадолатона диҳад. Вай барои рушди ҳукмрониаш дастаи ҳарбиёнро созмон бахшид. Князи кабир аз ин амали завҷааш шод буд ва онҳо аҳлона, самимона мезистанд. Баъди таваллуди Святослав ҳаёти онҳо боз ширинтар гашт. Аммо хушбахтии эшон дер пойдор намонд. Игор дар ҳарбу зарб бо древлянҳо кушта шуд. Шоҳбону шаҳри Искоростен, пойтахти древлянҳоро муҳосира кард ва баъд пурра ба коми оташ афканд. Ҳамин тавр дар қаламрави Русия Олга ҳокими мутлақ гардид.

Солноманависон зикр сохтаанд, ки шоҳбону Олга нисбат ба душманон басо бераҳм буду нисбат ба раияти худ меҳрубону мушфиқ. Пас аз як соли ғалаба бар древлянҳо шоҳбону ба Шимол асп ронд, дар минтақаи Новгород заминҳоро ба вилоятҳо тақсим намуд, роҳбарҳо монд ва андози давлатиро ҷорӣ кард.

Рус муттасил нерӯ мегирифт, шаҳрҳо бунёд меёфтанд. Дар солҳои ҳукмронии шоҳбону аввалин бор сарҳади давлати Руси киевӣ муқаррар гашт. Бунгоҳҳои сарҳадӣ сохта мешуданд. Хориҷиён баҳри тиҷорат зиёд меомаданд. Рус маҳз ҳангоми давлатдории Олга ба кишвари бузург табдил ёфт.

Давлатро бо қонуну қоидаҳои нав ва ашхоси донову мӯътамад мустаҳкам намуда, шоҳбону бисёр вақт дар танҳоӣ дар

пешина
аз 424
навбатӣ