100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
онҳо бевосита дар нуқтаи Қутби ҷанубӣ ҳузур доранд.
Саёҳати Амундсен ва рафиқони ӯ ба Қутби ҷанубӣ ва бозгашт ба ватан 99 рӯз идома ёфт. Ӯро дар Норвегия ба мисли қаҳрамони миллӣ пешвоз гирифтанд.
Акнун Амундсенро завқи ба воситаи роҳи ҳавоӣ фатҳ намудани Қутби шимолӣ ором намегузошт. Вай рондани ҳавопайморо омӯхт ва пас аз супурдани имтиҳонҳо ихтисоси сарнишини тайёраро соҳиб гашт. Соли 1925 Амундсен бо панҷ нафар сайёҳ дар ду тайёра аз Шпитсберген ба тарафи Қутби шимолӣ парвоз кард.
Баъди парвози ҳазор километр масофа мотори тайёраи Амундсен нуқс пайдо намуд, маҷбур шуданд, ки ба замин фуруд оянд. Як тайёра ҳангоми фурудоӣ шикаст. 15 июн ба онҳо муяссар гашт, ки тайёраи дуюмро ба ҳаво бардоранд. Ҳарчанд сайёҳон ба Қутби шимол нарасиданд, собит сохтанд, ки дар шимол дигар ягон қитъае нест.
Дар соли оянда таҳқиқотчии қутбҳо мақсад гузошт, ки дар саёҳатҳои минбаъда аз дирижабл фоида барад. 11 майи соли 1926 дирижабл дар ҳайати 16 нафар мусофир ба ҷониби Қутби шимол парвоз кард. Пас аз 15 соату 30 дақиқаи парвоз, соати 1-у 20 дақиқаи 12 майи соли 1926 дирижабл ба Қутби шимолӣ расид, сайёҳони диловар сафарро идома бахшида, аз болои дунёи яхбаста мегузаштанд, субҳи рӯзи дуюм дирижабл ба оғӯши тумани ғафс афтод. Баъди чанд соат сайёҳон аз ҷониби чап заминро диданд. Ин соҳилҳои Аляска буд, дар наздикии димоғаи Барроу. Аз ин ҷо дирижабл ба ҷануби ғарбӣ, ба тарафи гулӯгоҳи Беринг баргашт. Аз шимол шамоли сахт хест. Ронандаҳо самти парвозро гум карданд. Баъди аз оғӯши туман халос шудан муқаррар намуданд, ки аз болои димоғаи Дили Сангини нимҷазираи Чукотка мегузаранд. Сайёҳон ба шарқ тоб хӯрда, ба Аляска расиданд ва аз он ҷо ба ҷануб парвоз намуда, димоғаи шоҳзода Уэлс — нуқтаи ғарбтарини Амрикои Шимолиро гузаштанд. Амундсен фармон дод, ки ба замин фуруд оянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё