Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

қиёфасозии худ моро сабақ медод, ки бе ягон ҳаракат ҳам ба дили тамошобин таъсири амиқ гузоштан мумкин аст».

Чарлз Спенсер Чаплин 16 апрели соли 1889 дар Лондон таваллуд ёфта, дар шароити ниҳоят сахти бенавоӣ ба воя расидааст. Модараш Ханна Хил, ҳунарпешаи театри эстрадӣ-мюзик-холл буд. Падари Чарлӣ низ дар саҳна нақшҳо меофарид. Баъдтар оилаашро партофту ба ИМА рафт.

Чарлӣ дар нуҳсолагиаш аллакай дар театрҳои эстрадии атрофи шаҳр нақшҳо меофарид. Вақте ки ба синни чордаҳ расид, роҳбари «Театри ҳерсог Йоркский» Хэмилтон ба Чаплин иҷрои нақши хаткашон Биллиро аз пьесаи «Шерлок Холмс»-и Чиллета супурд. Соли 1906 вай дар барномаҳои ҳунарии масхарабозони ҷавони «Сирки Кейси» баромад намуд. Баъд дар труппаи Фред Карно ба ҳунарнамоӣ пардохт: суруд мехонд, мерақсид, жонглёрӣ ва дигар амалҳои акробатиро иҷро мекард. Соли 1910 Чаплин дар намоишномаи «Ҷиммии нотарс ё Қаҳрамони наврас» нақши асосиро бозид. Ӯро мунаққидон зери чашм гирифтанд.

Гурӯҳи Карло ба ИМА сафари ҳунарӣ кард. Чаплин низ бо онҳо буд. Дар рафти сафари навбатӣ ба ИМА дар охири соли 1912 ҳангоми намоиши спектакли «Шабҳангом дар мюзик-холли англисӣ» асосгузори мазҳакаи амрикоӣ Мак Сеннет низ ҳузур дошт. Ширкати «Кистоун» Чарлиро барои нақшофарӣ дар филмҳои мазҳакавӣ бо маоши ҳафтае 150 доллар даъват намуд. Филми нахустини Чаплин «Барои зиндагӣ пул кор кардан» буд. Ба ғайр аз ду-се ҳуққабозӣ образи офаридаи ӯ дигар чизе надошт. Вале Чарлӣ анъанаи бойи англисиро бо худ оварда буд ва он зуд ӯро ҳамчун муаллиф ва режиссёр ба сафи пеш баровард.

Чарлӣ бовар мекунонд, ки бори нахуст костюми машҳури худро, ки бо он ҳама ӯро дар ҳама ҷо мешинохтанд, дар филми «Ҳолати ниҳоятдараҷа вазнини Мейбл», моҳи феврали соли 1914 ба бар карда будааст. Аз рӯи гуфташ, вай хостааст ба ҳам

пешина
аз 424
навбатӣ