Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Бенавоёни соҳили баҳр» (1903) мансуби давраи нилобии эҷодиёти рассоманд.

Асари давраи гузариш аз нилодӣ ба гулобӣ расми «Духтарчае дар болои кура» (1905) ба ҳисоб меравад. Муносибати рангҳои мусаввара дар тобиши одии рангҳои гулобиву нилобӣ ба назар гирифта шудаанд. Обуранги нафис рӯҳияи лирикиеро ба вуҷуд оварда, пайвастагии духтарчаю кураро илқо месозад ва дар қалби бинанда ҳиссиёти тақдири ба ҳам печида доштани онҳоро бедор менамояд.

Дар давраи ба ном гулобии эҷодиёташ Пикассо солҳои 1905-1906 бо рангҳои сурхҷатоб, тиллоӣ ва нуқрафом расмҳо мекашид. Ҳолатҳои лирикӣ, шоирона, инсондӯстӣ тасвир меёфтанд. Пикассоро ҳаёти оилавии инсон ва ҳам коллективи бузург ба худ ҷалб месохт. Мавзӯи дӯстдоштааш дар ин давра тасвири ҳаёти дорбозон, варзишгарон ва масхарабозон буд.

Расмҳои «Оилаи дорбозон бо бӯзина», «Гауклерҳо, оилаи ширинкорон», «Дорбоз ва масхарабози ҷавон» аз ин ҷумлаанд. Мусаввир дар ин давра ба тасвири зан низ рӯ оварда, мусаввараҳои «Либоспӯшӣ», «Ороиши мӯй» ва «Ҳарам»-ро офаридааст.

Соли 1907 Пикассо ба омӯзиши мероси Сезанна шуғл меварзид, ки ба ин гуфтаҳо «Акси Гертруда Стайн» ва сурати «Духтаракони авинонӣ» гувоҳи ҳоланд. Ин асарҳо, дар ҳақиқат, дар олами санъати тасвирӣ як инқилобе ба вуҷуд оварданд, анъанаҳои мавҷударо барҳам заданд.

Солҳои 1908-1909 бо ҳамроҳии Ж.Брак ба услуби нав — кубизм асос гузошт. Онҳо дар ҷустуҷӯи эквиваленти бадеӣ ҳақиқати воқеиро тамоман вожгуна тасвир мекарданд. «Бисёриҳо чунин мепиндоранд, ки кубизм, — мегуфт Пикассо, — навъи махсуси давраи гузариши санъат аст, таҷриба аст ва натиҷаҳои он баъди сипарӣ гаштани солҳо рӯ мезананд. Ин тавр андеша рондан, нафаҳмидани кубизм аст. Кубизм «тухмӣ» нест, ки баъдтар «неш» зада сабзад, балки санъат аст, ки барояш пеш аз

пешина
аз 424
навбатӣ