Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сӯҳбат карданро меписандид. Вай басо суботкору матинирода буд. Баъди чанд сол Бетховени наврас матнҳои лотиниро шаррос зада мехонд, нутқҳои Ситсеронро тарҷума кард, забонҳои фаронсавию итолиёвиро омӯхт. Дар наврасӣ Бетховен ба кашфи асрори бастакорӣ муяссар гашт. Нахустин асари офаридаи ӯ, ки ба мо маълум аст, ба соли 1782 рост меояд.

Соли 1787 Бетховен сӯи Вена гом бардошт, то ки бо Моцарти шӯҳратёр вохӯрда, барои фаъолияти минбаъдааш фотиҳа гирад. Людвиг дар ҳузури бастакори мумтоз якчанд оҳанг навохт. Моцартро тарзи ғайриодии ба худ хоси иҷрои оҳанг, ҷасорат ва фантазияи бойи муғаннии навхат ба гирдоби ҳайрат андохт. Моцарт ба ҳозирон рӯй оварда, нидо дарангехт: «Ба ӯ таваҷҷӯҳ фармоед! Вай ҳамаро маҷбур месозад, ки дар борааш сухан гӯянд!»

Аммо вохӯрии муттасили ин ду муғаннии нобиға дер давом наёфт. Модари бемор ва аз гуруснагии ҳамешагӣ азияткашидаи Бетховен аз ин ҷаҳони ба зиндагии бенавоён бепарво чашм пӯшид. Ба Людвиги наврас зарур омад, ки аробаи рӯзгори оиларо ба танҳоӣ бикашад. Тарбияи ду бародари хурдсол вақту маблағи зиёд металабид. Бетховен дар оркестри театри опера асбоби мусиқии алт менавохт, консертҳо медод ва ба ҳунармандони хурдсол маҳорати навозандагӣ меомӯхт. Рӯзҳои душвори моломоли заҳмати тоқатфарсову дур аз хушиҳои ҷавонӣ оғоз ёфтанд.

Якчанд сол Бетховен дар дастаи овозадори капеллаи Бонн оҳангҳо навохт. Ба ҳайати он муғанниёни болаёқати шӯҳратманде чун А. ва Б.Роберг, А.Рейх, Х.Б. Нефе шомил буданд. Яке аз донандагони мусиқӣ, муқарризи нозукҳаёли латифҷоди асри 18 Карл Юнкёр ҳамон вақт нигошта буд: «Навозиши Бетховен аз навозишҳои муқаррарӣ ба куллӣ фарқ карда меистад, ба назар чунин мерасад, ки ӯ тамоман бо роҳи ба худ хос мустақилона гом мегузорад».

пешина
аз 424
навбатӣ