100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ӯ ба анъанаҳои пешиниён такя намуда, домани мусиқиро ҳамчун санъати нафиса ба паҳноҳо густурда, онро рангин ва бо рӯҳияи инқилобӣ ҷаззобтар карда буд.
Дар маркази ҳамаи асарҳои Бетховен шахсияти барҷастае таҷАССУМ ёфтааст, ки мубори3 ва ҳам дӯстдори беҳамтои зиндагист. Дар айни ҳол образҳои қаҳрамонӣ дар осори ӯ бо лирикаи амиқи ба як мақсад равон гардида ва тасвири табиат омезиш ёфтаанд. Ва ҳамчунин дар ҳамаи он чизҳое, ки вай гуфтааст, садои беназири ӯ ба самъи сомеъ мерасад — садои тавоно, боэҳтирос ва беҳад инсонияш.
Ҳамзамонон ба асли маънии на ҳамаи офаридаҳои Бетховен сарфаҳм рафтанд, чандин асарҳояшро қабул накарданд. Баъзеҳоро авҷи эҳтирос, нерӯи эҳсосоти додашаванда, умқи маҷмӯи масъалаҳои фалсафӣ ба тарс меоварданд. Дигарон душвории тарзи иҷрои оҳангҳоро баҳона мекарданд.
Бетховен на танҳо бастакори барҷаста, балки пианинонавози бомаҳорате ҳам буд. Бинобар ҳамин ҳам сонатаҳои ӯ, ки ҳамасронаш «драмаҳои инструменталӣ» ном ниҳода буданд, чунин муассиранду мафтунсозанда. Оҳангҳои онҳо ба он андоза дилнишинанд, ки гоҳо дар сонатаҳо суруди бесадо ба ҷилва меояд. Вай ба шакли сонатаҳо тағйирот ворид сохт, дар сонатаҳои ӯ силсилаи оҳангҳо такрор ёфта, дар қалби шунаванда эҳсосоти пуртуғёни драмавиро меафрӯхт.
Бетховен дар як асар назокатҳои жанрҳои гуногунро ба ҳам пайваста дар соҳаи оҳангсозӣ навоварӣ ворид сохт ва баъди ӯ дигарон онро идома бахшиданд. Эҷодиёти Бетховен ба рушди санъати мусиқӣ таъсири болониҳоя гузошт.
Моҳи декабри соли 1770 дар шаҳри Бонн, дар оилай Бетховен, муғанний дарбори ҳоким, писаре ба дунё омад, ки Людвиг ном гирифт. Ин фарзанди дуюм буд, аввалӣ ду сол пеш таваллуд ёфта, ҳамон вақт аз ҷаҳон чашм пӯшида буд. Санаи ҳақиқии рӯзи мавлуди Людвиг маълум нест. Он солҳо рӯзу соати таваллуди фарзандони ашхоси «табақаи сеюм» дар дафтарҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё