Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба малика Изабелла муроҷиат намуд. Малика Колумбро ба дарбор хонд, пешниҳоди ӯро шунид ва фармон дод, ки барои омӯхтани лоиҳаи баҳрнавард комиссияи махсус созмон диҳанд.

Аммо танҳо моҳи апрели соли 1492 Колумб ҷавоби мусбат гирифт. То ин замон ӯ қисми зиёди вақташро дар Кордов, ки он ҷо соли 1486 бо Анна Нунес Арана, духти деҳқони сарватманд риштаи меҳру муҳаббат баст ва аз ин пайвастагии онҳо писараш Фернандо ба дунё омад, сипарӣ мекард. Алоқаи Колумб бо Анна дар калисо қонунӣ нашуда буд, яъне онҳо никоҳи расмӣ надоштанд.

Пас аз муборизаҳои зиёди тӯлонӣ бо хизматчиёни давлатӣ лоиҳаи Колумб қабул гашт. Дар ҳолати комёбии ин экспедиция Колумбро эҳтироми беназир нигарон будӣ: ӯ бояд адмирал, ноиби шоҳ ва ҳукмрони тамоми заминҳои кашфнамудааш мегашт ва инчунин аз чор як қисми тамоми даромади онҳоро соҳиб мешуд.

Субҳи 3 августи соли 1492 Колумб фармон дод, ки лангар бардоранд ва киштиҳояш «Пинта», «Ниню» ва флагмани фармондеҳ «Санта-Мария» аз бандари Палоса ба баҳр шино карданд. Ӯ самти ғарбро пеш гирифт ва бе ягон моҷаро ба ҷазираҳои Канар расид. Пас аз таъмири «Пинта» 6 сентябри соли 1492 саёҳатро ба ҷониби ғарб идома бахшид. 9 сентябр дар рӯзномааш навишт: «Адмирал қарор кард, ки масофаи шино кардаашонро камтар нишон диҳад, то ки маллоҳон ба даҳшат наафтанд». 7 октябр Колумб қайд менамояд: «Адмирал қарор кард, ки ба ғарб не, ба ҷануби ғарбӣ, аз пайи селаи парандаҳои аз болои киштиҳо парида рафта шино намоянд».

Соати 2-и нимашаби 12 октябри соли 1492 Родриго Триана, маллоҳи «Пинта», фарёд зад, ки дар дурӣ заминро мебинад. 13 октябр Колумб дар рӯзномааш чунин менигорад: «Ин ҷазира бисёр бузург ва ҳамвор аст, аз дарахтҳои сабз ва об бой буда, дар мобайнаш кӯли бузурге воқест, ягон кӯҳ ба назар намерасад».

пешина
аз 424
навбатӣ