100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
нахустнамоиши «Дон Жуан» -операи драмавӣ баргузор гашт.
Охирин асари операвии Мосарт «Найи сеҳрнок» чанде пеш-тар аз фавти бастакор ба саҳна гузошта шуд. Мосарт шаби 4-ум ба 5-уми январи соли 1791, дар синни сию шашсолагӣ ва-фот кард. Мегӯянд, ки ӯро бастакор Салерӣ заҳр додааст. Аммо ин овоза исботи худро наёфтааст.
Христофор Колумб
(Солҳои зиндагиаш
1451-1506)
Христофор Колумб нахустин шахсест дар тамаддуни ғарбӣ, ки ба қитъаи Амрико дастрасӣ ёфт ва ба кашфи минбаъдаи он оғоз бах-шид.
Колумб ҳамаи ҷазираҳои му-ҳимтарини баҳрҳои миёназамини Амрико, аз қабили Куба, Га-ити, Ямайка ва Пуэрто-Рико, қисми марказии галаҷазираҳои Багам, аксари ҷазираҳои Антилияи Хурд - аз Доминика то Вир-гин ва ҳамчунин Тринидадро кашф ва ба аврупоиён пешкаш сохт.
Вале кушодани Амрико яке аз омилҳои муҳимтарини руш-ди бозори умумидунёвӣ гардид. Мустамлика намудани Амрико ба тараққиёти гӯшношуниди тиҷорат, баҳрнавардӣ ва саноат мусоидат кард.
Христофор Колумб моҳи октябри соли 1451 дар шаҳрчаи бандарии Генуяи Итолиё таваллуд ёфта буд. Падараш Доми-нико Коломбо, модараш Сусанна Фонтанароза ном дошта, як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё