Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мосарт бештар аз 600 асар: 41 симфония ва 27 концерт барои фортепиано, бисёр пьесаҳои камерӣ ва инструменталӣ таълиф намудааст. Вале бештар аз ҳама опера ва маҷмӯи мусиқии иборат аз се симфонияи ӯ шӯҳрати бегазанд ёфтанд.

Ба ҳамаи жанрҳои мусиқӣ Мосарт навгоние ворид сохт, аз ҷиҳати мазмуну шакл сайқал бахшид, васоити муассирсозии санъати мусиқиро нав кард. Имрӯз операҳои Мосарт дар бузургтарин ва беҳтарин саҳнаҳои дунё садо медиҳанд, асарҳои ӯ зинатбахшои барномаҳои концертии мутрибони овозадори замони муосиранд.

Падари ин марди закӣ Леополд Мосарт дар шаҳри Залсбурги Австрия ҳамчун мутриби моҳир, омӯзгор ва бастакор ангуштнамо буд. Мактаби скрипканавозони ӯ дар бисёр кишварҳои Аврупо шӯҳрати беқиёс дошт. Аз ҳафт фарзанди Леополд ва Мария Анна Мосарт ду нафар зинда монд: духтарашон Мария Анна ва Волфганг, ки 27 январи соли 1756 ба дунё омада буд.

Духтарак барвақт ба мусиқӣ завқу рағбат пайдо намуд, аз ин рӯ падар бо ӯ дар клавир — асбоби мусиқии забонакдор оҳангҳо машқ мекард. Ин ба писарак, ки ҳамагӣ се сол дошт, низ таъсири амиқ мегузошт.

Вай ҳам паси клавир менишаст ва фосилаи овозҳоро меҷӯст ва ҳамин ки меёфт, бо хурсандӣ онро такроран менавохт.

Дар чорсолагиаш падар бо ӯ дар клавир менуэтҳо — оҳанги рақсҳои қадимӣ ва пьесаҳои хурдро иҷро менамуд. Дар муддати хеле кӯтоҳ Мосарт оҳангҳоро чунон устокорона ва дақиқ менавохт, ки падар ба ҳайрат меафтод. Баъд дар ботини ӯ ҳиссиёти оҳангофарӣ падид омад. Волфганг дар панҷсолагӣ пьесаҳои хурд офарид ва аз падар хоҳиш кард, ки онҳоро рӯи коғаз орад.

Дар шашсолагӣ муғаннии хурдакак аллакай асарҳои мураккабро бо маҳорати шигифтангез менавохт. Ҳатто падараш

пешина
аз 424
навбатӣ