Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

амалӣ нагаштанд, аз давраи зиндагии вай хеле пеш рафта, аз ояндаи дурахшон дарак медоданд.

Леонардо да Винчи дар деҳаи Анкиано, наздикии шаҳрчаи Винчи, байни Флоренсия ва Пиза таваллуд ёфтааст. Ёддошт- номаи бобои Леонардо Антонио да Винчи чунин сатрҳоро маҳ- фуз доштааст:

«Соли 1452 набераам аз сер Пиеро, ки писари ман аст, ба дунё омад, 15 апрел, рӯзи шанбе, соати 3-и шаб. Номи Леонар- доро гирифт. Ӯро роҳиб Пиеро де Бартоломей да Винчи ғусли таъмид кард». Аз сабаби он ки он солҳо шаб аз ғуруби офтоб оғоз меёфт, вақти таваллуди рассоми оянда тақрибан ба соати 22-ю 30 дақиқа рост меояд.

Леонардо писари ғайриникоҳии нотариус Пиеро да Винчи буду оид ба модараш Катерина маълумоти хеле кам ба даст дорем. Падари биступанҷсолаш дар соли таваллуди писараш ба Албиера Амадора хонадор шуд. Солҳои кӯдакиашро Лео- нардо ҳамроҳи бибиаш Лучия ва тагояш Франческо сипарӣ на- мудааст.

Соли 1466 Леонардо шогирди рассом ва ҳайкалтароши маъруфи флоренсӣ Андреа Верокко шуд, то ки назокатҳои санъ- атварӣ омӯзад. Дар ин солҳо усули эҷодии устоди оянда дар асоси мукаммал омӯхтани табиат, гузарондани таҷрибаҳои ҷасу- рона ва дарк сохтани моҳияти илмҳои дақиқ шакл мегирад. Ле- онардои рассом аз ҳамаи илмҳои дақиқ ба риёзиёт афзалият дода, мегуфт, ки «математика илм ва духтари ҳақиқии табиат аст, дар он ҷое, ки илми математика истифода бурда намеша- вад, саҳеҳият вуҷуд надорад.»

Леонардо дар устохонаи Верокко якчанд шакли сари за- нонаю кӯдаконаро аз гил сохт. Ҷорҷо Вазари, рассом, меъмор ва донан4 тарихи санъат, як назокати хосаи ин таҷрибаҳои нахустини ӯро чунин зикр карда буд: «Чеҳраи занҳо ҳама мои- ли табассум». Леонардо аллакай дар ҳамон айёми ҷавонӣ пайи кашфи асрори табассуми зан кӯшиш ба харҷ медод.

пешина
аз 424
навбатӣ