Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин миён талабот ба китоби таълимии химияи ғайриорганикӣ, ки бояд сатҳи замонавии рушди илми кимиёро дар худ фаро мегирифт, рӯз ба рӯз меафзуд. Ин мақсад Менделеевро пурра фаро гирифт.

Вай хосиятҳои элементҳои химиявӣ ва пайвастагиҳои онҳоро дақиқ омӯхт. Вале чӣ гуна онҳоро бояд ҷо ба ҷо гузошт? Ягон чаҳорчӯбаи аниқи ҷобаҷогузорӣ вуҷуд надошт. Он гоҳ олими ҷӯянда варақҷҳои картонӣ сохт ва ба ҳар яке он ӯ ном, вазни атомӣ, формулаҳои пайвастагиҳо ва хосиятҳои асосии элементи химиявиро сабт намуд. Муттасил картотека бо карточкаҳои дорои маълумот дар хусуси ҳамаи элементҳои химиявии то ин давра маълумбуда пур мешуд. Аммо то дер аз ин ҳам чизе ба даст наомад. Мегӯянд, ки ҷадвали даврии элементҳоро олим дар хобаш дидааст ва ба ӯ танҳо онро рӯи варақ овардану асоснок намудан монда буду халос.

Вале, бояд эътироф кард, ки кашфи асрор аз ҷониби ӯ тасодуфӣ набуд, зеро дар фаъолияти илмии вай назария ва амалия, донистани тарафи табиии ҳодисаҳо, фаросати математикӣ ва дарки фалсафии рӯйдодҳо ҳамеша тавъам, якҷоя гом мениҳоданд.

Ғайр аз ин Менделеев ба кашфиёти илмии гузаштагон ва олимони муосир бо чашми танқид назар афканда метавонист. Вай ба мисли ҳайкалтароши моҳир чизҳои беҳудаву зиёдатиро «тарошида» дур меандохт.

Оҳиста-оҳиста Менделеев ба хулосае омад, ки бо тағйир ёфтани вазни атом хосияти элементи химиявӣ низ дигар мешаванд. Охири моҳи феврали соли 1869 фаро мерасид. Ба дастхати мақола оид ба ҷадвали элементҳо нуқта гузошта шуду он ба чоп рафт.

Аз он рӯз, вақте ки Менделеев дар паси қаторҳои аломатҳои элементҳои химиявӣ нишонаҳои қонунҳои табиатро дид, дигар проблемаҳо бароиш аҳамияти худро гум карданд. Ҷобаҷогузории элементҳо дар чаҳорчӯбаи ҷадвал ба назараш ноқис

пешина
аз 424
навбатӣ