100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ортити финӣ» баён сохт ва он соли 1854 ба табъ расид. Ин нахустин мақолаи илмии Менделеев буд. Пас аз як сол ӯ донишкадаро ба итмом расонд.
Моҳи майи соли 1855 Шӯрои илмӣ ба Менделеев унвони «Омӯзгори калон»-ро арзонӣ дошт. Ӯ бо медали тилло низ қадр шуд. Табибон маслиҳат доданд, ки баҳри беҳбудии саломатиаш ҷойи зисташро тағйир диҳад, беҳтараш ба ҷануб равад.
Ӯро дар Одесса омӯзгори риёзӣ, физика ва дигар фанҳои дақиқи гимназияи назди литсейи Ришелевск таъин намуданд. Тирамоҳи ҳамон сол диссертатсияи магистриро дар соҳаи кимиё ҳимоя кард, оид ба мавзӯи «Сохти пайвастагиҳои силикатӣ» бо маҳорати том дар ҳузури олимони шинохта маърӯза хонд. Дар оғози соли 1857 ӯ приват-дотсенти донишгоҳи Петербург шуд. Соли 1859 ба хориҷа баҳри таҷрибаомӯзӣ рафт. Ду сол дар Олмон илми кимиё омӯхт, лабораторияи шахсиашро бунёд бахшид.
Охирҳои моҳи феврали соли 1861 Менделеев ба Петербург баргашт, дар миёнаи соли хониш барои муаллимӣ ҷой ёфтан осон набуд. Аз ин рӯ вай ба эҷоди китоби дарсӣ оид ба химияи органикӣ ҷуръат кард. Нашри китоби дарсӣ ва тарҷумаи «Технологияи химиявӣ»-и Вагнер ба Менделеев шӯҳрати зиёде овард. Академияи илмҳои Русия барои китоби «Химияи органикӣ» Менделеевро ба мукофоти ба номи Демидов сазовор донист. Ба шарофати маблағи он Менделеев, ки навакак бо Феозва Никитична Лешева ақди никоҳ баста буд, ба саёҳати тӯёнаи Аврупо баромад.
11 январи соли 1864 Менделеев ба вазифаи дотсенти кафедраи химияи органикии донишгоҳи Петербург ва ҳам профессори донишкадаи технологии Петербург фармон гирифт. Баъд аз ин ӯ пурра ба баҳри пуртуғёни илм фурӯ рафт. 31 январи соли 1865 дар мавзӯи «Омехташавии спирт ва об» диссертатсияи докторӣ ҳимоя намуд. Акнун ӯ профессори кафедраи химияи техникии донишгоҳи Петербург буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё