Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Ҷанг ва сулҳ», «Анна Каренина»-ро эҷод кард. Ин асарҳо қалбу мағзи кулли хонандагони сайёраи заминро ба дараҷае тасхир намуданд, ки аз тасвираш нависанда душворӣ мекашад. «Ҷанг ва сулҳ» аз аскари қаторӣ Платон Каратаев то император Александри якумро фаро гирифтааст. Дар он ду характер – Кутузови башардӯст ва Наполеони худбин, ки оқибат ҳамин манманиаш ба шикаст мувоҷеҳ месозадаш, бо як маҳорати асили нависандагӣ офарида шудааст.

Охири солҳои 70-аввали солҳои 80-уми асри XIX нуқтаи назари Толстой ба зиндагӣ тағйир меёбад. Вай мехоҳад, ки ба мисли одамони одӣ ҳаёт ба сар барад. Толстой аз моликияти хусусиаш даст мекашад, ин ба завҷааш писанд намеояд. Байнишон моҷаро мехезад. Охирҳои тирамоҳи соли 1910, шабона Толстойи 82-сола пинҳонӣ аз аҳли оила дар мушояти табиби шахсиаш Д. Маковитский Ясная Полянаро тарк менамояд. Нависандаи пир ба азоби роҳ тоб наоварда бемор мешавад ва ночор дар стансияи хурдакаки роҳи оҳани Астапово аз қатора мефурояд. Дар хонаи сардори стансия ҳафт рӯзи боқимондаи умрро сипарӣ менамояд. Дар ин ҳафт рӯз сокинони Русия аз вазъи саломатии нависандаи оламшумул пайваста бохабар шуда меистоданд. 20 ноябри соли 1910, рӯзи вафоти Толстой, ба рӯзи мотами миллӣ табдил ёфт. Лев Николаевичро дар Ясная Поляна ба хок супурданд.

пешина
аз 424
навбатӣ