100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
шинохта буд, ҳанӯз аз даврони ҳукмронии Пётри Кабир мақоми воло дошт. Падари нависанда, чи тавре ки он солҳо ин воқеа бисёр рух мезад, баъди дар қимор-қартабозӣ бохтани бойигариаш барои беҳбудӣ бахшидан ба иқтисодиёти футуррафтааш ба як княздухтари синну солаш аз ҷавонӣ хеле гузашта Мария Николаевна Волконская ақди никоҳ баст. Ин оиладорӣ бахт овард. Онҳо соҳиби чор писар: Николай, Сергей, Дмитрий, Лев ва як духтар Мария шуданд.
Лев ҳанӯз дусола набуд, ки модараш дунёро падруд гуфт. Ба тарбияи сағираҳо Т. Ерголская, ки хеши дуре буд, машғул гашт. Соли 1837 оилаашон ба Москва кӯч баст, зеро писари калонӣ бояд дар ин ҷо барои ба донишгоҳ дохил шудан тайёрӣ медид. Вале ногаҳон падар бимурд ва се нафар бачаи хурдсол ба Ясная Поляна баргашт. Бачаҳо дар ин ҷо зери назорату тарбияи Ерголская ва аммаашон графиня А. Остен-Сакен то соли 1840, яъне то вафоти Остен-Сакен зистанд. Сипас бачаҳо ба Қазон кӯчиданд. Онҳоро апаи падарашон П. Юшкова ба тарбия гирифт. Ба ҳамин минвол давраи аввали зиндагии нависандаи оламшумули оянда поён ёфт. Ин айёми ҳаёташро ӯ дар китоби «Бачагӣ» тасвир намудааст. Зиндагии минбаъдааш дар повестуҳои «Наврасӣ» ва «Ҷавонӣ» акс ёфтааст.
Таҳсили Лев зери назари мураббии фаронсавие сурат мегирифт. Аммо вай аллакай ба шарофати княз буданаш дар понздаҳсолагӣ донишҷӯи донишгоҳи Қазон буд. Толстой ду сол дар шӯъбаи шарқшиносӣ ва ду сол дар шӯъбаи ҳуқуқ таҳсил кард. Ӯ танҳо ба номаш донишҷӯ буд, кам ба машғулиятҳо меомад ва аз бисёр имтиҳонҳо баҳои ду мегирифт.
Донишгоҳро баҳори соли 1847 тарк намуда, дар Ясная Поляна муқимӣ шуд. Ба чӣ кор машғул гаштанашро аз мундариҷаи повести «Субҳи помешик» фаҳмидан мумкин аст, барои ин танҳо ба ҷои «Нехлюдов» насаби «Толстой»-ро гузоштан даркор. Толстой таваккал кард, ки дар воқеъ падар ва сарпарасти деҳқонони худ бошад. Вале инсондӯстии боядӣ лаёқати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё