Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Таъсири Достоевский ба шакл гирифтани эҷодиёти бисёр нависандагони минбаъдаи ҷаҳон: С. Свейг ва Ф. Кафки Австрия; А. Жид, М. Пруст, Ш. Филипп ва А. Камюи Франция; О. Уайлди Англия; Томас ва Генрих Манн, Б. Келлерман, Л. Франк ва Г. Бёлли Олмон хеле назаррас аст.

Фёдор Михайлович Достоевский 11 ноябри соли 1821 дар шаҳри Маскав, дар бинои беморхонаи Мариинск, ки он ҷо падараш ба сифати афсари табиб хизмат мекард, таваллуд шудааст. Модараш, Нечаева ба оилаи тоҷир тааллуқ дошт. Фёдор, бачаи чаққон, бофандаи ҳар гуна бозию шӯхиҳо, дар байни ҳафт фарзанди Достоевскийҳо писари дуюм буд.

Барвақт хонданро ёд гирифт. Ходими калисо – диакон ба онҳо дарси фиқҳ меомӯзонд. Соли 1833 ҳамроҳи бародари калониаш Михаил баҳри омӯхтани забони франсузӣ ба пансиони Сушард рафт. Соли 1834 бо бародараш ба пансионати машҳури Чермак дохил шуд. Бисёр мехонд. Чандин маротиба осори Карамзин, Жуковский, Валтер Скотт, Загоскин, Лажечников, Нарежной, Велтман, Пушкинро мутолиа намуд.

Дар 16-солагӣ Фёдор аз модар маҳрум гашт, пас аз чанд моҳи ин воқеа падараш ӯро ба Петербург овард ва дар оғози соли 1838 ба омӯзишгоҳи муҳандисӣ ҷой кард. Ин яке аз муассисаҳои таълимию ҳунарӣ ва ҳарбии беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Вале ба Фёдори инҷиқ, ҳассос ва касалманд низоми сахти ҳарбӣ писанд наомад, вай наметавонист соатҳо дар болои тахтаи нақшакашӣ бо таҳаммул қалам ронад, сабру тоқат надошт, ба фанни риёзӣ дилсард буд. Аз ин рӯ бештар хомӯш дар кунҷе меистод ва ҳамчун одамгурез дар байни ҳамсинфон машҳур гашт.

Соли 1841 Достоевский афсар шуд, пас аз ду сол омӯзишгоҳро хатм кард, ба департаменти нақшакашию муҳандисии Петербург ба кор фиристоданд. Дар хизмати ҳақиқӣ низ Фёдор танҳогардиро ихтиёр намуд, зиёд мехонд ва таваккал карда қалам ҳам ба даст гирифт, заҳмати тоқатшикани эҷодиро писандид.

пешина
аз 424
навбатӣ