100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар ин ҷо Гёте ба хулосае омад, ки дар чаҳорчӯби суфташудаи шаклҳои муносибат пайванди ҳамоҳанги ҳиссиёт ва ақл ногузир аст. Вобаста ба чунин ақида вай драмаҳои «Ифигения дар Таврида», «Торквато Тассо» ва «Эгмонт»-ро солҳои 1786-1789 аз нав менависад. Ҳамин гуна оғоз меёбад давраи нави адабиёти Олмон, ки бо номи «Класситсизми веймарий» машҳур гаштааст.
Соли 1788 Гёте ба Веймар баргашт. Баҳри шукуфоии театру китобхонаи Веймар, донишгоҳи Йенск заҳмат кашид. Ҳамон сол бо коргари фабрикаи гулҳои сунъӣ Кристиана Вулпиус, на-бераи ҳуқуқшинос, духтари архивариус ва хоҳари Кристиан Август Вулпиус, ношири маҷалла барои дӯстдорони санъат ва таърихи атиқа, муаллифи романи машҳури «Риналдо Ринал-динӣ, атамани роҳзанҳо» муносибати маҳрамонаро оғоз бах-шид. Вале ақди никоҳи онҳо танҳо соли 1806 баста шуд.
Шӯҳрати Гёте ҳамчун адиби оламшумул кайҳо аз ҳудуди шоҳигарии Веймар баромада, саросари Аврупоро фаро гирифта буд. Махсусан, асарҳои саҳнавии «Итолиёвӣ»-аш шӯҳрати бе-қиёс доштанд. Ӯ ҳам дар мавзӯъҳои таърихӣ ва ҳам замонавӣ яксон сеҳрангез менавишт.
Соли 1811 ёддоштҳояш «Назм ва ҳақиқат» аз чоп баромад. Бо ин асар Гёте дар таърихи маданият ҳамчун услубшинос ҷовид монд. Соли 1819 «Девони ғарбию шарқӣ»-и шоир ба дасти ҳазорҳо хонанда расид, ки бо он Гёте ба синтези анъанаҳои фарҳангии Ғарбу Шарқ таваккал намудааст. Вале кори тамоми ҳаёти Гёте ин навиштани китоби беҳамто ва ҳайратангезе буд, ки минбаъд асари рӯйимизии бисёре аз адибон гашт. Вай таърихи саргузашти иблису доктор Фаустро ба таври худ навишт. Гёте ба таҷрибаи ғании фолклори ҷаҳонӣ ва анъанаҳои адабӣ такя намуда, дар асоси китоби асримиёнагии олмонӣ дар ситоиши инсон, ки ба тақдир тан надода, ҳақиқат меҷуст ва баҳри дастёбӣ ба озодиву ишқ мекӯшид, суруд эҷод кард. Гёте аз солҳои 60-ум ба ин кор даст зад ва соли 1790 варианти якуми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё