Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа
Сафарова Зебогул Ҳотамовна 22 январи соли 1967 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.
Соли 1983 мактаби миёнаи рақами 4 шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Маълумоташ олӣ.
Фаъолияти меҳнатии ӯ соли 1983 аз Китобхонаи вилоятӣ оғоз ёфта, минбаъд дар заводи таҷрибавии таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб, раёсати хоҷагии манзили коммуналии Ҳукумати шаҳри Душанбе, Корпоратсияи “Хӯрокворӣ” дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Вақтҳои фориғ аз кори давлатӣ ва ташвишҳои оилавӣ ба мутолиаи асарҳои бадеӣ шуғл меварзад. Назмро дӯст медорад, худ низ шеър эҷод мекунад, ки онҳо борҳо аз тариқи радио садо додаанд, дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд.
Оиладор, мураббии хуби фарзандон аст. Онҳо чаҳор нафаранд: Шукрона, Парвона, Даврон, Файзиддин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё