АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
ТАВСИФИ УМУМИИ ТАҲҚИҚОТ
Мақсади таҳқиқот. Муайянсозӣ ва рушди асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ ва одат кунонидани онҳо ба кори мустақилона мебошад.
Вазифаҳои таҳқиқот
1. Омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишии афкори педагогон-методистони рус ва тоҷик.
2. Таҳлили назариявии адабиёти фалсафӣ, педагогӣ-психологӣ ва методӣ оид ба мавзуи пажуҳиш.
3. Омўзиш ва таҳлили сифати нақша ва барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, дастуру маводи дидактикӣ оид ба таълими забони модарӣ вобаста ба фаъолияти мустақилонаи хонандагони хурдсол.
4. Ба эътибор гирифтани имконияти зеҳнии хонандагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ.
5. Муайян намудани талабот ва ҷанбаҳои педагогии малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
6. Таҳлили вазъи кунунии фаъолияти мустақилонаи омӯзишии дарсҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагон.
7. Ҷустуҷӯйи роҳҳои афзун намудани самараи фаъолияти мустақилонаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ;
8. Дар асоси таҷрибаи озмоишӣ асоснок кардани зарурати фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар дарсҳои забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқӣ.
9. Коркарди шаклҳои инноватсионии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
10. Дар асоси натиҷаҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ-ҷустуҷӯйӣ таҳияи дастурҳои илмӣ-методӣ барои омӯзгорон оид ба самаранокии фаъолияти мустақилона дар дарсҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ.
Объекти таҳқиқот - раванди ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ.
Мавзуи таҳқиқот - иқтидор ва имкониятҳои малакаи фаъолияти мустақилонаи талабагони синфҳои ибтидоӣ ҳангоми омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнию нутқии онҳо.
Фарзияи таҳқиқот - раванди ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ самаранок мегардад, агар: а) омўзгорон ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, махсусан стандарт, барнома, нақшаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аҳмияти бештар диҳанд; б) ба таҷрибаи хонандагон такя карда шавад, ки он на танҳо таҷрибаи фаъолияти донишомӯзию азхудкуниро якҷоя мекунад, балки таҷрибаи гуногуни танзими муносибатҳои иҷтимоиро дар ҷараёни таҳсилот ғун медорад; в) фаҳмиши амиқи ҳодисаҳо ва воқеияти ҳаётӣ бо роҳи истифодаи технологияҳои муосири таълим дар дарсҳои забони модарӣ ба назар гирифта шавад; г) воқеияти педагогию психологии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва ташаккули зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба эътибор гирифта шавад; ғ) дар раванди иҷрои фаъолиятҳои гуногуни таълимӣ ба хусусиятҳои фардию шахсӣ ва синнусолии хонандагони хурдсол аҳамият дода шавад; д) сабабҳо ва сарчашмаҳои пайдоиши садду монеаҳо, ки ба самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон таъсир мерасонанд, муайян карда шавад; е) хонанда бидуни вайрон кардани мазмун мустақилона ва мантиқан дуруст матнро тағйир дода тавонад.
Марҳилаҳои асосии таҳқиқот. Таҳқиқот дар се марҳила гузаронида шуд.
Марҳаилаи якум (солҳои 2019-2020). Дар ин марҳила заминаи омӯзиш ва таҳлили адабиёти илмӣ-таҳқиқотӣ муайян карда шуд, адабиёти фалсафӣ, психологӣ-педагогӣ, методӣ оид ба масоили ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт, асосҳои методологӣ ва дастгоҳи мафҳумии пажуҳиш муайян карда шуданд.
Марҳилаи дуюм (солҳои 2020-2021) давраи таҷрибавӣ-ҷустуҷӯйӣ буда, санҷиши фарзияро дар бар мегирифт, ки дар ҷараёни он маҷмуи роҳҳои ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳқиқ карда шуд. Дар ин замина озмоиши намудҳои гуногуни фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ муайян гардиданд.
Дар марҳилаи сеюм (солҳои 2021-2022) маълумоти дар ҷараёни озмоиш бадастомада коркард шуда, натиҷаҳои таҳқиқот дар амалия татбиқ гардид, инчунин, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот ва барасмиятдарории натиҷаҳо анҷом дода шуд. Эътимоднокии натиҷаҳои бадастомада ва коркарди онҳо тавассути усулҳои оморӣ-математикӣ амалӣ карда шуд. Маводи пажуҳиш дар шакли мақолаҳо омода гардида, дар нашрияҳои соҳавӣ ба табъ расонда шуданд. Тавсияҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ коркард ва дар амал ҷорӣ карда шуданд, таҳияи кори диссертатсионӣ ба анҷом расонида шуд.
Асосҳои назариявию методологии таҳқиқот. Дар ҷараёни таҳқиқот мо ба принсипҳо ва омилҳои гуногуни методологӣ диққат додем. Аз ҷумла, нуқтаи назари педагог-методистони машҳури замони шуравӣ Н.Н.
Шепетова, С.П. Редозубов, А.И. Воскресенская, А.В. Янковская, Н.Н. Каноникин, Н.А. Шербаков, Е.А. Адамович ва дигарон, ки бо асару мақолаҳои ҷудогонаи худ роҳу воситаҳои омӯзиши мустақилонаи забони модариро дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ муайян кардаанд, мавриди омўзишу таҳлил қарор гирифтанд. Назарияи якпорчагӣ (тамомият)-и ҷараёни педагогӣ дар асарҳои педагогӣ, психологӣ ва методии Ю.К.Бабанский, М.А. Данилов, В.И. Загвязинский ва дигарон, назарияи фаъолияти таълимӣ дар таҳқиқоти Д.Б. Элконин, В.В. Давидов, В.В. Репкин, ғояи муносибати вазифавӣ дар таълимоти И.Я. Лернер, таҳқиқи масъалаҳои марбут ба ташаккули шахсият дар осори В.П. Беспалко, А.С.Виготский, А.Н. Леотев таҳлил ёфтаанд. Асосҳои фалсафии гуманизатсиясиякунонии таълимотро муҳаққиқон Б.С. Гершунский, В.С. Шубинский, И.Х.Каримова ва дигарон, асосҳои дидактикию методологии таълимоти хонандагони хурдсолро М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, И.Абдуллоев, Ф.Икромов, Р.Давлатова, Р.Мирзоев,
Р.Довудов ва дигарон ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Ҳамчунин, ақидаю консепсияҳои олимону мутафаккирони Шарқ – А. Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ, Ибни Сино, А.Берунӣ, У.Кайковус ва дигарон низ мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтанд.
Масъалаи асосҳои методии ташаккули малакаи мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ олимону педагогҳои ватаниро ҳам бетараф намондааст. Дар корҳои таҳқиқотии худ олимони пашқадами ватанӣ, аз ҷумла, Х. Бӯйдоқов, И.Х. Каримова, М. Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, И.Абдуллоев, Х. Сабуров, Р.Давлатова, Р.Мирзоев, Р.Довудов ва дигарон баъзе паҳлуҳои ин масъаларо дида баромадаанд. Махсусан, онҳо масъалаҳои фаъолнокии азхудкунӣ ва фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагони синну соли гуногунро дар ҷараёни таълиму тарбия мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доданад.
Методҳои таҳқиқ. Барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда ва санҷиши фарзияи илмӣ методҳои зерини таҳқиқот истифода шудаанд:
- ташхиси адабиёти илмӣ, илмию методологӣ ва психологию педагогӣ;
- ҷамъбаст ва танзими маълумоти илмӣ;
- мушоҳидаи фаъолияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва талабагон;
- таҷрибаи педагогӣ;
-пурсишномаҳо, гузаронидани пурсиш, мусоҳиба ва ғайра.
Сарчашмаҳои маълумот. Дар таҳқиқот асарҳои олимони муосири Ғарб, муҳаққиқони русу тоҷик оид ба масъалаи ташаккули фаъолияти мустақилонаи хонандагони хурдсол, таҳқиқоти бунёдии педагогҳо, психологҳо, методистон ва таҷрибаи омӯзгорони пешқадами ҷумҳурӣ, ҳамчунин қонунҳо ва асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, баррасӣ ва таҳлил гардиданд.
Заминаҳои эмпирикӣ. Заминаи эмпирикии таҳқиқотро муносибати амалии муаллифи таҳқиқоти диссертатсионӣ бо объекти таҳқиқшаванда: омӯзиши адабиёти илмӣ-методӣ вобаста ба мавзуъ, омӯзиши адабиёти умумӣ-дидакикӣ ва назариявӣ оид ба методикаи таълими забони модарӣ, омӯхтан ва истифода кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ба мушоҳида гирифтани раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ тавассути истифодаи методҳои эмпирикӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои дастурӣ, таҳлили фаъолияти хонандагон, омӯзиши фаъолияти педагогии омӯзгорон, маҷмуи усулҳои гуногуни таълим, ташкил ва гузаронидани озмоишҳои муқарраркунанда ва ташаккулдиҳанда, таҳлилу ҷамъбасти далелу маълумоти дар ҷараёни озмоиш бадастомада ва таҳлилу арзёбии муқоисавии натиҷаҳои онҳо, мушоҳидаи педагогӣ, мубоҳисаҳо, усулҳои хударзёбӣ ва арзёбии ташхисӣ дар асоси маълумоти бадастомада, ташаккули далелҳои илмие, ки дар натиҷаи истифодаи нишондодҳои сифатӣ ва миқдорӣ ба даст омадаанд, ташкил медиҳанд.
Пойгоҳи таҳқиқот. Корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию озмоишӣ аз моҳи сентябри соли 2019 то нимсолаи аввали соли таҳсили
2022- 2023 дар Донишкадаи такмили ихитисоси омӯзгорони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 9, 53-и шаҳри Кӯлоб, №1, 2, Гимназияи давлатии “Ҳиммат”-и Муъминобод, №1, 2, 3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гузаронида шуд.
Дар кори таҷрибавию озмоишӣ зиёда аз 740 нафар талабагони хурдсоли синни аз 8 то 10-сола сафарбар карда шудаанд.
Навгонии илмии таҳқиқот. Навгонии илмии таҳқиқоти диссертатсионӣ дар он зуҳур меёбад, ки:
- роҳҳои самараноки ташкили фаъолияти мустақилона ба хотири рушди зеҳн ва нутқ муайян ва дар амал татбиқ карда шудаанд;
- усулҳои муосири ташаккули фаъолияти мустақилонаи талабагон ба хотири рушди зеҳн ва нутқи онҳо муайян карда шуданд;
- талабот ва ҷанбаҳои педагогии малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ муайян карда шуд;
- вазъи кунунии фаъолияти мустақилонаи омӯзишии дарсҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи талабагон муайян карда шуд;
- амсилаи фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар дарсҳои забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқӣ таҳия гардид;
- шаклҳои инноватсионии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ коркард гардиданд.
Нуктаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда:
- технологияи ба кори мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ одат кунонидани талабагон;
- роҳҳои муайянсозии имкониятҳои ақлии талабагон;
- моҳияти омӯзандагӣ, ташакулдиҳандагӣ ва тарбиявии матнҳо ба талабагон;
- тарзҳои ташкили муколама, баҳсу мубоҳисаҳои гуногуни натиҷаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишии талабагон бо иштироки худи онҳо;
- нақши бозиҳои дидктикӣ дар иҷрои фаъолияти мустақилона;
- методикаи ибтикории фаъолияти мустақилона ҳамчун методикаи рушддиҳандаи зеҳни хонанда;
- фаъолияти тарафайни омӯзгорон ва волидайн дар ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи талабагон;
Аҳаммияти назариявӣ ва амалии таҳқиқот. Аҳаммияти назариявии таҳқиқот дар такмили назарияи методика ифода ёфта, аз навгонии илмӣ ва натиҷаҳои таҳқиқот бармеояд, ки нуктаҳои зерин муаррифии он аст:
- фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба болоравии сатҳи дониши талабагон мусоидат намуда, ба зеҳн ва нутқи онҳо рушд бахшид;
- ташкили дурусти кори мустақилона маҳорати касбии омӯзгоронро рушд бахшида, дар самти дуруст аз худ намудани асосҳои дониш ба талабагон ёрӣ расонд;
- ташкили дурусти кори мустақилона боиси болоравии сатҳи дониш ва маҳорату малакаи талабагон гардид;
- роҳҳои хубтару беҳтар ташкил кардани кори мустақилона ҷустуҷӯ ва дарёфт карда шуд.
Аҳаммияти амалии таҳқиқот дар мулоҳизаҳои зерин ифода меёбад:
- ҷанбаҳои педагогӣ ва методии ташкили фаъолияти мустақилонаи талабагони синфҳои ибтидоӣ ҳангоми омӯзиши забони модарӣ муайян гардид;
- пайдарпайии роҳу пешниҳодҳои дар рисола истифодашуда ба болоравии сатҳи дониш мусоидат намуда, имконият дод, ки ҳангоми иҷрои кори мустақилона қобилияти зеҳнию нутқии талабагон рушд ёфта, дониши назариявии андӯхтаашонро дар амалия татбиқ кунанд;
- истифодаи намудҳои гуногуни фаъолияти мустақилона имконият дод, ки дар талабагон қобилияти мустақилона фикр кардан, интихоб намудан, малакаю маҳорати ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот рушд ёбад;
- тавассути фаъолияти мустақилона омилҳои рушди қобилияти зеҳнию нутқии талабагон муайян карда шуданд;
- оид ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ маълумоти зарурӣ ба даст оварда шуд;
- маълумоти бадастомада оид ба фаъолияти мустақилона ба хотири рушди қобилияти зеҳнию нутқии талабагон минбаъд истифода мешавад;
- натиҷаҳои бадастомада дар амалияи корҳои таълимию тарбиявии ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоии минтақаи Кӯлоб роҳандозӣ шудааст;
- истифодаи маҷмуи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ)-и ба мавзуъ ва масъалаҳои пажуҳиш дахлдор дар фаъолияти мустақилонаи хонандагони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин татбиқ шудааст;
- истифодаи такрории натиҷаҳо дар кори таҷрибавӣ-ҷустуҷӯйӣ, исботи фарзияи пажӯҳиш, иштироки шахсии муаллифи рисола дар кори таҷрибавӣ-ҷустуҷӯйӣ, ҳамчунин, таҳлили хушсифати маълумоти бадастомада оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагон таъмин гардидааст;
- тавсия ва дастурҳои методӣ оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешниҳод гардиданд.
Дараҷаи эътимоднокии натиҷаҳои таҳқиқот. Дурустӣ ва эътимоднокии натиҷаҳои таҳқиқот бо асоснокӣ ва саҳеҳии усули методологӣ ва назариявӣ, маҷмуи усулҳои ба ҳам вобастаи таҳқиқоти илмӣ, ки ба мавзуъ ва вазифаҳои таҳқиқот комилан мутобиқанд, мувофиқати муқаррароту хулосаҳои назариявӣ, кофӣ будани сарчашмаҳои истифодашудаи илмӣ, асоснокии истифодаи усулҳои озмойишӣ ва маълумоти дар натиҷаи таҳқиқоти озмоишӣ бадастомада таъмин мегардад.
Мутобиқати диссертатсия ба шиносномаи ихтисоси илмӣ.
Диссертатсия ба бандҳои зерини шиносномаи ихтисоси илмии 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.04 - Назария ва методикаи таълими фанхои гуманитарй (тахсилоти миёнаи умумй)) мувофиқат мекунад: Банди 1. Назария ва методикаи омўзиш.
1.1.Методологияи фанҳои мушаххас: робитаи мутақобилаи методҳои маърифати илмӣ ва таълимӣ; 1.2. Арзиш ва ҳадафҳои омўзиш: ташаккули ҳавасмандии мусбати таълимот, ҷаҳонбинӣ ва манзараи илмии олам дар зери субъектҳои раванди таҳсилот. 1.3. Муҳтавои омўзиш: арзёбии самаранокии барномаҳои омўзишӣ. 1.4. Таъминоти методӣ ва технологияҳои омўзиш, сифати омўзиш: таъминоти методии кори мустақилона.
Банди 2. Назария ва методикаи парвариши хонандагон ва ҷавонони донишҷў: коркарди назария ва методикаи таҳсилот ва парвариши беруназмактабӣ, роҳбарӣ ба эҷодкории мустақилона.
Саҳми шахсии довталаби дараҷаи илмӣ дар таҳқиқот. Саҳми шахсии довталаб дар таҳлили ҳамаҷонибаи масъала, дар омезиши дурусти таҳқиқоти назариявӣ ва озмоишӣ, таҳлили миқдорӣ ва сифатии маводу натиҷаҳои дар ҷараёни корҳои озмоишӣ бадастомада; дар истифодаи мазмуни усулҳо вобаста ба мавзуъ, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, дар ташкил ва баргузор кардани таҳқиқоти озмоишӣ, тасдиқи амалии муқаррароти кори илмӣ дар раванди таҳлили мақолаҳои илмӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои бадастомада ва дар коркарди таҳкиқоти диссертатсионӣ зуҳур меёбад.
Тасвиб ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот. Муқаррароти асосӣ ва натиҷаҳои кори илмӣ солҳои 2019-2022 дар конференсияҳои илмӣ- амалӣ, семинарҳои илмӣ-методӣ ва мизҳои мудаввар баррасӣ ва арзёбӣ гардидаанд. Татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1, 9, 53-и шаҳри Кӯлоб, №1, 2,Гимназияи давлатии
“Ҳиммат”-и н. Муъминобод, № 1,2, 3-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (солҳои 2019-2022) сурат гирифта, самаранокии худро собит сохтанд.
Интишорот аз рӯйи мавзуи диссертатсия. Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ дар конференсияҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ, семинарҳои илмӣ-методӣ ва дар ФДҶТИБКСМ дар гурӯҳи ноҳияҳои тобеи шаҳри Кӯлоб иҷро ва баррасӣ шуда, дар 33 номгӯй мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 22 номгӯйи онҳо дар нашрияҳои илмии тақризшавандаи феҳристи тавсиянамудаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 - дастурҳои таълимӣ- тарбиявӣ ва методӣ, 1 – монография, 2 мақола дар дигар нашрияҳо, 11 номгӯй дар маҷмуаи маводи конференсияҳо ба табъ расида, инъикоси худро ёфтаанд.
Сохтор ва ҳаҷми диссертатсия: Таҳқиқоти диссертатсионӣ аз муқаддима, 4 боб, 15 зербоб, хулосаҳо ва феҳрасти адабиёт таркиб ёфта, ҳаҷми он 390 саҳифаи чопи компютериро ташкил медиҳад. Феҳрасти сарчашмаҳои истифодашуда 400 иборат буда, муҳтавои асосии диссертатсия 353 саҳифаро дар бар мегирад. Дар рисола 18 ҷадвал, 6 диаграмма, 5 расм истифода шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё