Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Мулло Муҳсин Файз Айналкузоти Ҳамадонӣ, ки яке аз шогирдони барҷастаи Аҳмад Ғаззолӣ бародари Муҳаммад Ғаззолӣ буд менигорад: «Қадри илм чунон ки Хоҷа Имом Ғаззолӣ дониста дар кулли олам илло мошоаллоҳ касе надонад, ки ӯ ошиқи илм будааст лизотиҳӣ. Ва мақсуди ӯ аз илм «айни илм» буд. Ва аз ҳар кӣ ӯро чизе макшуф шудӣ, онро ба ҷон харидор омадӣ, ки агар кӯдаке гуфтӣ даҳсола, ҳамчунде он миннат доштӣ аз ӯ, ки аз Шофей ва нагуфтӣ, ки масалан Абӯлмаолии Чувайнӣ бояд то маро чизе во намояд ва чунин гавҳар дар олам бағоят азиз бувад. Ва ман агар чӣ Хоҷа Имом Ғаззолиро надидаам, шогирди кутуби ӯ будаам дар чунин чизҳо ва яқин донам, ки бад-ин сифат будааст дар илм».

Ӯ на танҳо дар илму маърифат ва дину мазҳаб ба олитарин мартаба расид, балки дар ҷоҳу ҷалол ва мансаби давлатӣ низ ба мақоме ноил гашт, ки бузургтарин поя барои ашхоси аз қабили Ғаззолӣ мумкин буд.

Воқеан ҳам низоми фалсафии вай ҳалқаест, ки олитарин акоиди макотиби мухталифро бо ҳам даровехт ва оташе дар пайкари ҷаҳони ҳикмат ниҳода, раванди ӯро барои қарнҳо муайян сохт. Ғаззолӣ дар паҳлӯи масоили умдаи динӣ ба масъалаҳои фалсафӣ аз қабили муаммову мақулоти ҳастӣ, таносуби нафсу тан, маърифати оламу воситаҳои он ва акоиди ахлоқӣ ва сиёсию иҷтимоии хеш даст зад. Вай дар роҳи пурҳаму фарози фалсафии хеш ба авҷи шуҳрату ифтихор, завқу ваҷд ва каҷфаҳмиҳои ҳамзамоному ҳамдиёрон рӯ ба рӯ гашта, аз имтиҳони тақдир пирӯз баромад ва рисолати таърихии хешро бо сарфарозӣ иҷро намуд. Аз ин рӯ, ҳеҷ кас он таъсири амиқеро, ки Ғаззолӣ ба раванд ва рушду такомули ҳикмату ирфон гузошта, аз зумраи фарҳангсозону равшангарони дониши оламиён қабул гардидааст, инкор нахоҳад намуд.

Ҳанӯз аз даврони зиндагии ин марди пуркорому бузургтарин тазкиранигорон ва муаррихони исломӣ дар бораи вай ва осору таълифоташ баҳсу мунозираҳо карданд. Муҳаққиқон ва таърихнигорони осору зиндагиномаи Ғаззолӣ аз қабили Абдулғофир ибни Исмоили Фориси Нишопурӣ (451-529ҳ./1059-1135м.) дар «Китобу-с-сиёқ», Ибни Асокир (499-591ҳ./1106-1195м.) дар «Таъриху-д-Димашқ», Абӯлфараҷ ибни Ҷавзӣ (508-597ҳ./1114-1201м.) дар «ал-Мунтазам фи таъриху-л-мулк ва-л-умам», Шамсиддин Абӯлаббос Аҳмад ибни Халикон (608-681ҳ. /1211-1282м.) дар «Вафаёту-л-аъён фӣ анбои абнои-з-замон», Имом Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон Заҳабӣ (673-748ҳ./1274-1347м.) дар «Тазкирату-л-ҳуффоз», «Дувалу-л-ислом» ва «Таъриху-л-ислом», Шайх Салоҳиддин Абӯсафо Халил ибни Айбаки Сафадӣ (696-764ҳ./ 1297-1363м.) дар «ал-Вофӣ би-л-вафаёт» ва «Шарҳу ломияти-л-аҷам», Имом Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Асъад ибни Алӣ ибни Сулаймон Афифаддин Ёфей (ваф. 768ҳ./1367м.) дар «Миръоту-л-ҷинон ва ибрату-л-якзон», Тоҷиддин Абӯнаср Абдулваҳҳоб Тақиюддини Субкӣ (727-771ҳ./1327-1370м.) дар «Табақоту-ш-шофеияту-л-кубро», Тош Куброзода (ваф.962ҳ./1555м.) дар «Мифтоҳу-с-саодат», Муртазо Забидӣ (1145-1225ҳ./1732-1810м.) дар «Итҳофу-с-содоти-л-муттақин» ва бисёри дигарон доир ба ин мутафаккири шаҳир ва осору ақоиди ӯ шарҳу баёноти муфассал овардаанд.

пешина
аз 567
навбатӣ