Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Чаҳорум мӯйи аврат аст. Ва [изолати] он мустаҳаб аст – иммо ба ҳалқ ва иммо ба танвир – ва набояд, ки аз чиҳилрӯз даргузарад.
Панҷум нохун аст. Ва чидани он мустаҳаб аст. Барои он ки чун дароз шавад, шанеъ намояд. Ва васах дар он фароҳам ояд. Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Ё Або-ҳурайra! Қаллим зуфрака фаинна-ш-шайтона якъуду ало мо тола минҳо», ай, нохуни худ бичин, ки он чи аз он дароз шавад шайтон бар он нишинад.
Ва агар дар зери нохун шӯҳе бошад, сиҳҳати обдаст-ро монеъ набувад – аммо барои он ки расидани обро боз-надорад ва аммо барои он ки ба сабаби ҳоҷат дар вай тасоҳул рафтааст – хосса дар нохуни пой ва шӯҳҳое, ки дар бандҳои ангуштон ва пушти дасту пойи араб ва аҳли са-водро1 фароҳам омадӣ. Ва Пайғомбар эшонро нохун чидан фармудӣ. Ва он чи аз авсох2 дар зери нохуни эшон дидӣ, инкор кардӣ ва бозгардонидани намоз нафармудӣ ва агар фармудӣ, дар он фоидае дигар будӣ ва он тағлиз ва заҷр бошад аз он.
Ва дар кутуб хабаре марвӣ дар тартиби чидани нохун надидаам. Аммо шунидаам, ки Пайғомбар – алайҳи-с-са-лом – ибтидо ба мусаббиҳай3 дасти рост кардӣ ва ба ибҳо-ми4 он хатм фармудӣ ва дар чап ибтидо ба хинсир5 будӣ то ибҳом [241]. Ва чун дар ин ҳадис тааммул кардам, он чи далели сиҳҳати ривоят аст, дар хотирам омад, чи масали ин маъно бар сабили ибтидо рӯшан нашавад, магар ба нури нубувват. Ва аммо олими соҳиббасират ғояти ӯ он бошад, ки аз [ақл] истинбот кунад, пас аз нақли феъл бад-ӯ6. Ва он чи маро дар он рӯшан шуд – ва илм Худойрост – он аст, ки аз чидани нохуни дасту пой чора нест ва даст шарифтар аз
1 Аҳли савод – рустоиён.
2 Авсох – (ҷамъи васах), чиркҳо.
3 Мусаббиҳа – ангушти шаҳодат, сабоба.
4 Ибҳом – ангушти бузурги инсон, ангушти нар.
5 Хинсир – ангушти кӯчаки дасти инсон.
6 Ба феъли набӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор