Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва наздики ғуруб ва дар миёни намози шом ва хуф-тан дар гармоба рафтан макрӯҳ аст, ки он вақти интишори девон аст.

Ва дар молидани [қоим] боке нест, ки аз Юсуфи Ас-бот нақл кардаанд, ки ӯ мардеро, ки аз ёрони вай набуд, васият кард, ки вайро бишӯяд ва гуфт, ки ӯ дар гармоба [боре] маро бимолида буд. Хостам, ки мукофот кунам ба чизе, ки сабаби [239] хушдилии ӯ бошад ва ӯ бад-ин васият хушдил шавад. Ва бар ҷавози он далел аст он чи баъзе аз саҳоба ривоят кардаанд, ки Пайғомбар дар сафар ба манзи-ле нузул фармуд ва бихуфт ба шикам ва бандаи сиёҳ пушти вай мемолид. Гуфтам: «Ё Расулаллоҳ, чӣ шудааст?» Гӯфт: «Уштур маро ба унф1 кашидааст».

Ва чун аз гармоба фориғ шавад, Ҳаққ таъолоро бар ин неъмат шукр гӯяд, ки дар тафсири «Латус҃алунна яв-маизин ани-н-наъими2» омадааст, ки оби гарм дар зимистон аз наимест, ки аз он бихоҳанд пурсид. Ва Абдуллоҳи Умар гуфт: «Гармоба аз наимест, ки эҳдос кардаанд».

Ин маъонӣ, ки тақрир афтод, суннатҳо ва адабҳои шаръӣ аст.

Ва аз роҳи тиб гуфтаанд, ки гармоба пас аз кор бас-тани оҳак3 амон аст аз ҷузом. Ва дар ҳар моҳе як бор оҳак кор бастан сафроро фурӯ нишонад ва рангро софӣ гардо-над ва дар мубошарат бияфзояд. Ва дар гармоба дар зими-стон истода бавл кардан баробари доруе** бувад. Ва хобе пас аз гармоба дар тобистон кори шарбате кунад. Ва пас аз берун омадан аз гармоба қадамро ба оби сард шустан дофеи никрис аст. Ва оби сард ба сар рехтан ва хӯрдан дар ҳоли берун омадан макрӯҳ аст. Ин ҳукми мардон аст.

1 Унф — (бо фатҳа ва касри «айн» низ омадааст), шиддат ва касоват, дуруштӣ, зидди рифқ.
2 Такосур, 102:8.
3 Оҳак — нура. Дар Шарҳи Забидӣ: ҳоказо фӣ: нусахи-л-китоб ва нассу-л-Кут: ва-л-ҳаноу баъда-н-нурати. Фатааммал золика.
4 Дар нусхаи Маҷлис: нофеътар аз хӯрдани доруе бувад.

пешина
аз 567
навбатӣ