Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва дар ривояте бисудани он чӣ ҷуз саватайн аст ба ҷиҳати изолати хоз эҳтимоле ҳаст¹. [237] Аммо ба қиёс наздиктар он аст, ки ҳаром аст. Чӣ бисудани саватайн дар таҳрим ба дидани он мулҳақ шудааст, пас дар бақияти аврат ҳамчунин бояд.

Ва дар аврати дигаре он ки чашми худ аз он нигоҳ дорад ва аз бараҳна кардани он манъ кунад, зеро ки наҳии мункар воҷиб аст ва бар ӯ ёд кардани он аст, на қабули он². Ва вуҷуби ин ҳисбат соқит нашавад, магар аз бими зарбу шатм ё истихфофе дигар, ки ҳаром бувад. Чӣ агар донад, ки мункарун алайҳ ба сабаби инкор ҳароме дигар иртикоб намояд, инкор бар вай воҷиб набошад. Ва аммо агар андешад, ки фоидае нахоҳад буд ва бар он кор нахоҳанд кард, ин узри сукут набошад, бал аз зикри инкор чора набувад, чӣ дил ба шунидани инкор аз асаре холӣ намонад ва дар ҳоли [таъйири³] маосӣ истишъори эҳтирозе⁴ бибошад. Ва он муассир бувад дар зишт гардонидани он кор дар чашми ӯ ва рамонидани нафси ӯ аз он. Пас, тарқи ӯ раво набошад. Ва барои ин маъNӣ, дар ин рӯзгор ҳазм он аст, ки гармоба наравад, чӣ аз авратҳои бараҳна холӣ набошад, хосса он чӣ зери сурра ва забари она аст, чӣ мардумон онро аврат намешумуранд ва шаръ онро ба аврат мулҳақ гардонидааст. Ва барои ин холӣ фармудани гармоба мустаҳаб аст.

Ва Бишри Ҳорис гуфт: «Дар ғояти иффат бошад марде, ки як дирам дорад онро бидиҳад, то гармоба барои вай холӣ кунанд». Ва Ибни Умарро дар гармобае дидаанд, рӯй ба деворе оварда ва чашм ба асобае баста. Ва баъзе аз эшон гуфтанд: дар гармоба рафтан боке нест, валекин ба ду эзор: яке барои сатри аврат ва дуввум барои пӯшидани сар ва нигоҳдошти чашм.

пешина
аз 567
навбатӣ