Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Чаҳорум он чи бар дандонҳо ва атрофи забон бувад аз зардӣ, онро ба мазмаза ва мисвок зоил кунад. Ва ҳар дуро ёд кардаем.
Панҷум он чи дар маҳосин бошад аз хоз ва шупуш чун тааҳҳуд наёбад, изолати он ба ғусл ва шона кардан мустаҳаб аст.
Ва дар хабар аст, ки шона дар сафар ва ҳазар аз Пайғамбар ҷудо набудӣ. Ва он суннати араб аст. Ва дар хабаре ғариб омадааст: «Кона юсарриҳу лиҳятаҳу фи-л-явми марратаини». Ай, маҳосинро дар рӯзе ду бор шона кардӣ. Ва маҳосини Пайғамбар – алайҳи-с-салом – ва Абубакр - разия-л-Лоҳу анҳу - анбӯҳ буд. Ва маҳосини Усмон - разия-л-Лоҳу анҳу – дароз ва тунук. Ва маҳосини Алӣ - разия-л-Лоҳу анҳу - паҳн ва миёни ду китф гирифта буд.
Ва дар ҳадисе ғарибтар аз ин омадааст, ки Оиша - разия-л-Лоҳу анҳо – гуфт, ки қавме бар дари Пайғамбар фароҳам омаданд ва Пайғамбар бар эшон берун рафт. Ӯро дидам, ки дар хуми обе медид ва мӯи сар ва маҳосин рост мекард. Гуфтам: «Ё Расулаллоҳ, ту бад-ин машғул мешавӣ?» Фармуд: «[Наъам] инна-л-Лоҳа юҳиббу мин абдиҳи ан ятаҷаммала лииҳвонихи изо хараҷа илайҳим». Ай, Ҳаққ таъоло аз бандаи худ дӯст дорад, ки таҷаммул кунад барои бародарони худ, чун бар эшон берун ояд.
Ва бисёр бошад, ки ҷоҳил гумон барад, ки он [аз] дӯстии тазайюн бувад барои мардумон ва бар ахлоқи дигарон қиёс кунад ва фариштагонро ба дарбонон монанд гардонад. Ҳайҳот! Ӯ маъмур бувад ба даъват. Ва яке аз вазоифи ӯ он ки саъй кунад дар он чи кори ӯ дар дили мардумон бузург бошад ва сурати ӯ дар чашми эшон хуб, то дар нуфуси эшон муҳтақар ва дар чашмҳои эшон мустасгар нашавад. Чӣ он мунаффир бошад ва мунофиқон дар рамонидани халқ аз ӯ бад-он тааллуқ кунанд. Ин қасд бар ҳар олиме, ки мардумонро ба Худой хонад, воҷиб аст ва он он аст, ки аз зоҳири худ риоят кунад, он чи мӯҷиби нафрати мардумон набошад.
Ва дар мисли ин корҳо эътимод бар ният бувад, ки он дар нафси худ корҳоест, ки сифатҳои он аз қасдҳо ҳосил шавад. Ва тазайюн бар ин қасд маҳбуб бошад ва тарки гардолудагии маҳосин¹ барои изҳори зуҳд ва камилтифотӣ ба мардумони бад ва тарки он ба сабаби машғулӣ ба чизе, ки аз он муҳимтар бошад – некӯ. Ва ин ҳолҳои ботин аст миёни банда ва Ҳаққ таъоло, [ки] нокиди басир аст ва талбис ба ҳеҷ ҳол бар вай роиҷ нашавад.
Ва бисёр ҷоҳил бошад, ки дар ин корҳо хавз намояд ва муроди ӯ доми халқ ниҳодан ва коми нафс бардоштан бувад. Ва маа золик бар худ ва дигарон талбис кунад, ки матлуби [236] ӯ ризои Илоҳӣ аст, на ҳавои малоҳӣ. Ва ҷамоате аз уламоро мебинӣ, ки ҷомаҳои фохир мепӯшанд ва мегӯянд, ки бад-ин таҷаммул дар хории мубтадеон ва мухолифон мекушанд ва ҷоми тақарруб ба ҳазрати Ҳаққ таъоло менӯшанд. Ва ин корест, ки он рӯз маълум шавад, ки сароир ва замоир мункашиф гардонанд ва он чи дар гӯрҳост баранжезонанд ва он чи дар синаҳост таҳсил кунанд. Пас дар он ҳол нақди иёрдор аз қалби набаҳра пайдо ояд. Наъузу биллоҳ аз расвоии рӯзе, ки арзи акбар бошад.
Шашум хозе, ки дар бандҳои пушти ангуштон бошад. Араб пас аз таом даст камтар шустӣ ва бад-он сабаб хоз фароҳам омадӣ. Пайғомбар шустани он фармуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор