Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

вояти ҳасан истиоб¹ воҷиб нест ва чун ба аксар бирасонад, басанда бошад.

Ва нияти истибоҳати намоз кунад.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа нияти рафъи ҳадас кунад.

Ва барои расонидани ғубор зери мӯй – касиф бошад ё хафиф – такаллуф нанамояд. Ва бикӯшад, ки ғубор ба ҳамаи башараи рӯй бирасонад. Ва он ба як зарба ҳосил шавад, чи паҳнои рӯй беш аз паҳнои ҳар ду кафф набошад. Ва дар расонидан ба ҳамаи башараи рӯй ғолиби занн басанда аст. Он гоҳ ангуштарӣ берун кашад ва зарбаи дуввум бизанад, ангуштон кушода. Пас, пушти ангуштони дасти рост ба шиками ангуштони дасти чап пайвандад, чунон ки атрофи сари ангуштони як даст аз арзи мусаббиҳаи дигарӣ нагузарад. Пас, дасти чапро аз он ҷо, ки ниҳодааст, бар зоҳири соиди рост то оринҷ биронад. Пас, батни каффи чап бар ботини соиди рост то банди даст биронад. Пас, батни ибҳоми чап бар захри ибҳоми рост. Ва бар дасти чап ҳамчун кунад. Пас, ҳар ду кафф [ба ҳам] дармолад. Ва ангуштон миёни якдигар даргузорад. Ва ғараз аз ин такаллуф он аст, ки ба як зарба ҳар ду дастро то оринҷ истиоб кунад. Ва агар ин душвор шавад, [ба] ду зарба ё зиёдат истиоб кунад, боке набувад. Ва чун ба таяммум фарз бигузорад, чандон ки хоҳад нафл бигузорад ва агар хоҳад, ки фарзе дигар гузорад, бори дигар таяммум бояд кард, ҳар фаризае ба таяммуме.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа чандон фариза, ки хоҳад бигзорад, то об наёбад ва муҳдас нашавад.

пешина
аз 567
навбатӣ