Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

«Аллоҳумма ло тӯътинӣ китобӣ бишимолӣ ав мин варои захрӣ». Пас, ҳар ду даст тар кунад ва сари ангуштони ҳар ду ба ҳам пайвандад ва аз пеши сар то ба қафо бикашад ва аз он ҷо ба пеши сар боз орад, то ҳар ду рӯйи мӯй тар шавад. Ва ин як масҳ бувад ва чунин се бор бикунад.

Мутарҷим мегӯяд: ва ба наздики Бӯҳанифа як бор ва таслис макрӯҳ аст.

Ва бигӯяд: «Аллоҳумма ғашшинӣ бираҳматика ва анзил алайя мин баракотика ва азаллани таҳта аршика явма ло зилла илло зиллук». Пас, зоҳиру ботини ҳар ду гӯш ба оби тоза масҳ кунад ва ҳар ду мусаббиҳа1 дар ду сӯрохи гӯш барад ва ҳар ду ибҷом бар пушти ҳар ду гӯш бигардонад. Пас кафҳо барои истизҳор [230] бар гӯшҳо ниҳад ва се бор муқаррар гардонад. Ва гӯяд: «Аллоҳумма-ҷ-алнӣ мина-л-лазина ястамиъуна-л-қавла фаяттабиъуна аҳсанаҳу. Аллоҳумма-с-миънӣ муноди-л-ҷаннати маъа-л-аброр». Пас, гардан масҳ кунад, ки Пайғомбар гуфтааст: «Масҳу-р-рақбати амонун мина-л-ғулли явма-л-қиёмати». Ва гӯяд: «Аллоҳумма факку рақабатӣ мина-н-нори ва аъӯзубика мина-с-салосили ва-л-ағлоли». Пас пои рост бишӯяд. Ва ба дасти чап хилол кунад2 аз фурӯди ангуштони пои рост. Ва оғоз аз хинсири3 рост кунад ва хатм бар хинсири пои чап. Ва дар шустани пои рост бигӯяд: «Аллоҳумма саббит қадамайя ала-с-сироти явма тазиллу-л-ақдому фи-н-нори». Ва дар шустани пои чап: «Аъӯзу бика ан тазилла қадамайя ани-с-сироти явма тазиллу ақдому-л-мунофиқина фи-н-нори». Ва об то ба нимаи соқ бирасонад. Ва чун фориғ шавад, сар ба сӯи осмон барорад ва бигӯяд:

«Ашҳаду ал-ло илоҳа илла-л-Лоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу! Суб-

1 Мусаббиҳа – ангушти сабоба.
2 Лои ангуштони поро тамиз кунад.
3 Хинсир – ангушти кӯчак.

пешина
аз 567
навбатӣ