Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
севвум бор ҳам бикунад ва он воҷиб бувад – агар хоҳад, ки ба санг иқтисор намояд – ва агар ба чаҳорум ҳосил шавад, панҷум мустаҳаб бошад, то тоқ бошад.
Он гоҳ аз он ҷой ба ҷои дигар равад ва ба об истинҷо кунад ва ба дасти рост об ба маҳалли ҳадас расонад ва ба дасти чап бимолад, то асаре, ки кафи даст ба ҳисси ламс дарёбад намонад. Ва дар он истиқсо ба ҷой наёрад ва тааррузи ботин накунад. Ва бояд, ки бидонад, ки ҳар чӣ об бад-ӯ нарасад, ботин бошад. Ва фазалоти ботинро ҳукми палидӣ набошад, то берун наёяд. Ва ҳар чӣ зоҳир бувад ва ҳукми палидӣ вайро собит, ҳадди покии ӯ он бошад, ки об бад-ӯ расад ва онро зоил кунад. Пас васвасаро маъние набувад. Ва чун аз истинҷо фориғ ояд, гӯяд: «Аллоҳумма, таҳҳир қалбӣ мина-н-нифоқи ва ҳассин фарҷӣ мина-л-фавоҳиши». Ва даст ба девор ё замин бимолад, то агар бӯйе монда бошад, зоил шавад. Ва ҷамъ миёни об ва санг мустаҳаб аст.
Ва дар ривоят аст, ки чун ин оят нозил шуд, ки «Фиҳи риҷолун юҳиббуна ан ятатаҳҳару ва-л-Лоҳу юҳиббу-л-мутаҳҳирин»¹, Пайғамбар – салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам – аҳли Қуборо гуфт: «Ин чӣ покӣ аст, ки Ҳаққ таъоло бар шумо сано мегӯяд?» Гуфтанд: «Мо миёни об ва санг ҷамъ кунем».
КАЙФИЯТИ ОБДАСТ
Чун аз истинҷо фориғ ояд ба вузу машғул шавад. Ва Пайғамбарро ҳаргиз надидаанд, ки аз ҳадас берун ояд, ки на вузу сохт ва оғоз ба мисвок кунад. Пайғамбар – алайҳис-салоту ва-с-салом – гуфтааст: «Инна афвоҳакум туруку-л-Қуръони фатаййибуҳу би-с-сивок». Ай, даҳанҳои шумо роҳҳои Қуръон аст, ба мисвок кардан онро хуш бояд дошт. Ва бояд, ки дар вақти мисвок кардан ният он бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор