Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
риқтар аз мӯй ва тезтар аз шамшер. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Фаҳдуҳум ило сироти-л-ҷаҳим. Вақифуҳум иннаҳум масъ-улуна»¹. Ва ин мумкин аст ва тасдиқ бад-он воҷиб, чи Худое, ки қодир аст бар он ки мурғро дар ҳаво бипаронад, қодир аст бар он ки одамиро бар сирот равон гардонад.
Асли шашум Он ки биҳишту дӯзах офарида шудаанд. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва сориъу ило мағфиратин мин Раббикум ва ҷан-натин арзуҳа-с-самовоту ва-л-арзу уъиддат ли-л-муттақин»². Ва ин далел бар он чи офарида шудааст ва рондани ӯ³ бар зоҳир воҷиб аст, чи дар он истиҳолате нест. Ва набояд гуфт, ки дар офаридани он пеш аз рӯзи ҷазо чӣ фоида? Чи Борӣ таъолоро аз афъоли вай напурсанд. «Ло юсъалу аммо яфъалу ва ҳум юсъалун»⁴.
Асли ҳафтум Он ки имоми ба ҳаққ пас аз Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – Бӯбакр аст, пас Умар, пас Усмон, пас Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳум - ва Пайғомбар ҳеҷ касро таъйин накарда буд. Чи агар карда будӣ, зоҳир шудани он ав-ло будӣ аз зоҳир шудани таъйин дар оҳоди волиён ва ами-рон, ки ба шаҳрҳо номзад мефармуд. Ва он пӯшида намо-над. Пас, ин ки бузургтар аст, чӣ гуна пӯшида монад? Ва агар зоҳир буд, чӣ гуна мундарис шуд ва ба мо нарасид? Ва имомати Бӯбакр набуд магар ба ихтиёр ва байъат.
Ва аммо тақдири⁵ таъйини дигаре ғайри Бӯбакр нис-бат кардани кулли саҳоба аст ба мухолафати Пайғомбар ва
1 Соффот, 37:23-24.
2 Оли Имрон, 3:133.
3 Рондани ӯ – ҳамли ӯ, итлоқи ӯ.
4 Анбиё, 21:23.
5 Тақдир – фарз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор