Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
РУКНИ ЧОРУМ
ДАР САМЪИЁТ ВА ТАСДИКИ ПАЙҒОМБАР (С)
ДАР ОН ЧӢ АЗ ҲАҚҚ ТАЪОЛО ИХБОР КАРДААСТ
Ва мадори он бар даҳ асл аст:
Асли аввал
Ҳашру нашр. Ва шаръ бад-он ворид шудааст ва ҳаққ аст ва тасдиқ бад-он воҷиб, чӣ дар ақл мумкин аст. Ва маънии он ҳаст кардан аст пас аз нест гардонидан. Ва он мақдури Худой аст, чунон ки дар ибтидо кардааст. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Қола ман юҳӣ-л-изома ва ҳия рамим. Кул юҳӣҳа-л-лазӣ аншааҳо аввала марратин»1. Ба ибтидо2 бар иодат истидлол фармудааст³. Ва гуфта: «Мо халқукум ва ло баъсукум илло канафсин воҳидатин»4. Ва иодат ибтидои дуввум аст. Пас мумкин бошад чун ибтидои аввал.
Асли дуввум
Суоли Мункар ва Накир. Ва ахбор бад-он ворид аст ва тасдиқ бад-он воҷиб, зеро ки мумкин аст, чӣ дар ӯ ҷуз иқтизои иодати ҳаёт нест дар ҷуз вай аз он аҷзо, ки хитоб бад-он фаҳм кунад ва он дар нафси худ мумкин аст. Ва бад-он чӣ аҷзои мурдаро сокин бинем ва суол нашунавем, онро дафъ набояд кард. Чӣ хуфта ба зоҳири худ сокин бошад ва дар ботин лаззатҳо ва аламҳо дарёбад, ки дар бедорӣ асари он эҳсос кунад. Ва Пайғамбар — салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам — Ҷабраилро бидидӣ ва сухани ӯ бишунидӣ ва дигарон, ки
1 Ёсин, 36:78-79.
2 Ба ибтидо - бо ибтидо, ба василаи ибтидо.
3 Далели он ки Ҳаққ таъоло иодат тавонад кард ин аст, ки дар ибти- до иншоъ кардааст.
4 Луқмон, 31:27.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор