Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
носипосӣ.
Суол: Агар назар ва маърифат ҷуз ба шаръ воҷиб нашавад ва шаръ қарор нагирад, то мукаллаф дар он назар накунад, пас мукаллаф чун пайғомбарро гӯяд, ки ақл бар ман чизе воҷиб намекунад ва шаръ [маро] собит нашавад магар ба назар ва ман бар назар иқдом “нанамоям, магар пас аз шинохтани вуҷуби он, пайғомбарро аз ин сухан ҷавобе намонад.
Ҷавоб: Ин сухан онро монад, ки шахсе ба мавзеъе истода бошад, касе вайро гӯяд: дар ин наздикӣ доде дарранда аст, агар аз ин ҷо наравӣ, туро ҳалок кунад ва агар варои худ илтифот кунӣ ва бинигарӣ, сидқи ин ки мегӯям, туро маълум шавад. Ин истода гӯяд: сидқи ту зоҳир нашавад модом ки ман варои худ [194] илтифот накунам ва ман дар варои худ илтифот накунам ва нанигарам то он гоҳ, ки сидқи ту рӯшан нашавад. Ва ин сухан далел бошад бар ҳамоқати ӯ ва бар он ки худро дар хатари ҳалок меандозад ва ҳодӣ ва муршидро дар ин зиёне набошад. Пас ҳамчунин Пайғомбар мефармояд: «Варои шумо марг аст ва дар пеши он додагони дарранда ва оташҳои сӯзанда. Агар дафъи онро силоҳ насозед ва сидқи ман бад-он маълум шавад, ки дар мӯъҷизаи ман назар кунед, пас ҳар кӣ назар кунад, бишиносад ва эҳтироз намояд ва наҷот ёбад ва ҳар кӣ назар накунад ва исрор барзад, дарафтад ва ҳалок шавад. Ва агар ҳамаи мардумон ҳалок шаванд, маро дар он зиёне набувад ва бар ман воҷиб нест магар таблиғ». Пас, шаръ таъриф мекунад, ки пас аз марг хатарҳое ҳоил аст. Ва аз ақл фаҳми сухани Ӯ ҳосил мешавад ва иҳотат ба имкони он чӣ дар мустақбал мегӯяд. Ва табъ мустаҳисс1 мебошад бар хазар кардан аз зарар [ва маънии вуҷуби чизе он бошад, ки дар тарки он зараре бувад ва маънии эҷоби шаръ он ки муар-
1 Мустаҳисс – барангезонанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор