Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва аммо он чӣ адами ӯ ба муҳол адо кунад¹, чунон ки гӯянд: [вуҷуди] маълум воҷиб аст, чи адами ӯ ба муҳол адо кунад, ай илм ҷаҳл шавад. Ва агар муроди хасм он аст, ки халқ ба маънии аввал бар Ҳаққ таъоло воҷиб аст, пас ӯро дар маърази зарар дошта бошад. Ва агар ба маънии дуввум мегӯяд, мусаллам аст, чи пас аз он чи илм собиқ шуд, аз вуҷуди маълум чора набувад ва агар маънии севвум мехоҳад, мафҳум нест. Ва ин чи мегӯяд, ки барои маслаҳати бандагон воҷиб аст, сухане фосид аст, чи ба таркӣ² маслаҳати бандагон чун вайро зараре набусад, вуҷуб дар ҳаққи вай мӯътабар натавонад буд. Ва маслаҳати бандагон он аст, ки эшонро дар биҳишт офаридӣ. Ва аммо он чи эшонро дар [дор]-и бало офаринад ва дар маърази хато орад ва дар хатари уқубат ва бими ҳисоб дорад, наздики хирадмандон дар он ғибтате³ набошад.

Асли панҷум

Он ки Ҳаққ таъолоро ҷоиз аст, ки бандагони худро таклиф фармояд он чи тоқати он надоранд, ба хилофи мӯътазила. Ва агар он раво набудӣ, дафъи он хостан муҳол будӣ. Ва маълум аст, ки хостаанд, чунон ки Ҳаққ таъоло мефармояд: «Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳ»⁴. Ва низ Ҳаққ таъоло Пайғамбарро чунон фармудааст, ки Бӯҷаҳл вайро⁵ тасдиқ нахоҳад кард. Пас, фармудааст⁶, ки дар ҳама ақвол бояд, ки вайро тасдиқ кунад ва яке аз ақволи ӯ⁷ он аст, ки тасдиқ накунад⁸. Пас чӣ гуна тасдиқ кунад дар он ки тасдиқ накунад ва вуҷуди ин ҷуз муҳол набошад?

1 Адо кунад – мунҷар шавад.
2 Ба таркӣ – бо тарки, ба воситаи.
3 Ғибтат – рашк.
4 Бақара, 2:286.
5 Худои таъоло.
6 Ҳаққ таъоло ба Пайғамбар (салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам).
7 Худои таъоло.
8 Абуҷаҳл Ҳаққ таъолоро.

пешина
аз 567
навбатӣ