Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
сили касбе, ки аз вай содир мегардад, надонад. Ҳайҳот! Ҳору оҷизанд ҳамаи махлуқон ва ба мулку малакут мутафаррид аст ҷаббори осмон.
Асли дуввум
Он ки инфироди Ҳаққ таъоло ба ихтирои ҳаракатҳои бандагон он ҳаракатҳоро берун набарад аз он ки мақдури бандагон бошад ба тариқи [касб]. Бал Бори таъоло қудрату мақдур ва ихтиёру мухторро биёфаридааст. Аммо қудрат офаридаи Худой аст ва сифати банда ва касби ӯ нест. Ва ҳаракат офаридаи Худой аст ва сифати банда ва касби ӯст. Чӣ ӯро мақдур офаридаанд ба қудрате, ки сифати банда аст, пас ҳаракатро нисбатест ба сифате дигар, ки онро қудрат гӯянд, пас ба эътибори он нисбат касб бошад. [190] Ва чӣ гуна ҷабри маҳз буд, ки ӯ ба зарурат фарқ миёни ҳаракати ихтиёрӣ ва раъшаи зарурӣ медонад? Ё чӣ гуна халқи банда бошад ва илми ӯ ба тафсили аҷзои ҳаракот ва аҷдоди он муҳит на? Ва чун ҳар ду тараф ботил шуд, намонад магар миёнаравӣ дар эътиқод ва он чунон бошад, ки мақдури қудрати Ҳаққ таъоло аст бар сабили ихтироъ ва мақдури қудрати банда [бар] навъе дигар аз тааллуқ, ки онро касб гӯянд ва зарурӣ нест, ки тааллуқи қудрат ба мақдур ҷуз ба ихтироъ набушад. Чӣ қудрати Худой [таъоло дар азал] ба олам мутааллиқ буд ва ихтироъ бад-он ҳосил на. Ва дар ҳоли ихтироъ мутааллиқ аст ва он навъе дигар [аст] аз тааллуқ. Ва бад-ин маъни рӯшан шавад, ки тааллуқи қудрат махсус нест бад-он ки мақдур ба вай ҳосил шавад.
Асли севвум
Он ки феъли банда агарчи касби вай аст, аммо бад-ин сабаб берун наёяд аз он ки муроди Ҳаққ таъоло бувад. Ва дар мулку малакут барҳам задани пилке ва нигаристан ба чашме ба дар омадани хотире набушад, магар ба қазо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор