Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

фасли севвум

[ДАР ЛАВОМЕЪИ ДАЛЕЛҲОИ АҚОИДЕ, КИ ОНРО БАЁН КАРДАЕМ]

Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ситоиш мар Худоеро, ки аҳли суннатро ба анвори яқин мумайяз ва мустасно гардонид ва асҳоби ҳаққро ба ҳидояти аркони дин мухтор ва муҷтабо кард ва аз бидъати мубтадеон ва залолати мулҳидон нигоҳ дошт ва ба канафи1 ҳифзу исмати худ роҳ намуд. Ва тавфиқи иқтидо ба саййиди анбиё ва саҳобаи кироми вай ва мутобаати осори салафи солеҳ ташриф фармуд, то аз муқтазаёти уқул ба ҳабли матин эътисом намуданд ва аз сайри мутақаддимон ва ақоиди эшон солики минҳаҷи мубин шуданд ва қазоֵи манқулро бо натоиҷи уқул талфиқ доданд. Ва ба ҳақиқат бидонистанд, ки гуфтани калимаи таййиба бе донистани ақтоб ва усул бефоида аст ва адиму-л-маҳсул. Ва бишинохтанд, ки ин ду калимаи шаҳодат, бо он чи дар ғояти эҷоз ва ниҳояти ихтисор аст, мутазаммини исботи зоти Ҳаққ таъоло ва исботи сифот ва афъоли Ӯ ва исботи Пайғомбари мухтор аст. Ва бидонистанд, ки бинои имон бад-ин ҷаҳор рукн пойдор аст ва мадори ҳар рукне бар даҳ асл устувор аст.

Рукни аввал дар маърифати зоти Ҳаққ таъоло ва мадори он бар даҳ асл аст: донистани ҳастӣ ва ҳамешагӣ ва пояндагии Ӯ ва донистани он ки Ӯ ҷисму ҷавҳару араз нест ва ба ҷиҳати махсус дар макон мустақар нест ва диданӣ аст ва ягона.

Рукни дуввум дар сифоти Ӯ, муштамил аст бар даҳ

1 Канафи – паноҳ.

пешина
аз 567
навбатӣ