Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ғайримустаҳиқ нагӯянд, чӣ бар эшон фитна шавад ба сабаби қусури фаҳмҳои эшон аз дарёфт. Ва пӯшида доштани Пайғомбар – алайҳи-с-салом – сирри рӯҳро ва аз баёни он боз будан аз ин қисм аст. Чӣ ҳақиқати ӯ аз он ҷумлат аст, ки фаҳмҳо аз идроки он оҷиз аст ва ваҳмҳо аз тасаввури кунҷи он қосир. Ва гумон мабар, ки он Пайғомбарро – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – макшуф набуд. Чӣ он кас, ки рӯҳро нашиносад, чунонастӣ, ки нафси худро нашинохтааст ва касе, ки нафси худро нашиносад, Парвардигори худро чӣ гуна шиносад? Ва дур нест, ки он баъзе авлиё ва уламоро макшуф бошад, агарчӣ пайғомбар нестанд. Валекин адаби шаръ нигоҳ доранд, аз он чӣ Пайғомбар сокит будааст, сокит бошанд. Бал дар сифоти Ҳаққ таъоло ғавомизест, ки фаҳмҳои ҷамоҳир аз дарёфти он қосир аст. Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – нагуфтааст аз он магар он чӣ фаҳмҳоро зоҳир аст аз илму қудрат ва ғайри он, то халқ ба навъи муносабате, ки бо илм ва қудрати худ таваҳҳум намудаанд, онро фаҳм кардаанд. Чӣ эшонро сифатҳост, ки онро илму қудрат хонанд, пас онро ба навъи муносабате таваҳҳум кунанд. Ва агар аз сифоти ӯ чизе гуфта шавад, ки халқро сифате нест, ки бо он андак муносабате дорад, фаҳм накунанд. Бал лаззати мубошарат агар бо кӯдак ва иннин1 гуфта шавад, онро фаҳм накунанд, магар ба муносабати лаззати таом, ки онро дарёбанд ва он фаҳм муҳаққақ набошад. Ва мухолафати2 илму қудрати Худой илм [173] ва қудрати халқро беш аз он аст, ки мухолафати лаззати мубошарат лаззати хӯрданро.

Ва дар ҷумла, мардум дарнаёбад, магар нафси худ ва сифоти нафси худро аз он чӣ вайро ҳозир бувад ё аз он чӣ пеш аз он буда бошад. Пас, ба муқоясаи он сифот сифати дигаре фаҳм кунад, пас тасдиқ намояд, ки дар шарафу ка-

1 Иннин – марде, ки қодир ба ҷимоъ кардан набошад.
2 Мухолафат – ихтилоф, фарқ.

пешина
аз 567
навбатӣ