Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ба андозаи қабули маҳал ва покии дил. Ва он дарёест, ки ғаври он дарнатавон ёфт ва ба соҳили он натавон расид.

Суол: Дар ин сухан ишоратест, ки ин илмҳоро завоҳир ва асрор аст. Ва баъзе рӯшан аст, ки дар аввал пайдо шавад ва баъзе пӯшида аст, ки рӯшан шудани он ба муҷоҳада ва риёзат бошад ва ҷустани балиғ ва фикрати софӣ ва сирри холӣ аз ҳама ашғоли дунё магар матлуб. Ва ин наздик аст, ки мухолифи шаръ бошад, чи шаръро зоҳиру ботин ва ниҳону ошкоро якест.

Ҷавоб: Инқисоми ин илмҳоро ба ду қисм – яке пӯшида ва дигар рӯшан – ҳеҷ аҳли басирате мункир нашавад. Ва инкор накунанд онро, магар кӯтоҳбинон, ки дар аввали кӯдакӣ чизе ёд гирифта бошанд ва бар он монда. Ва эшонро ба ҳадди бузургӣ ва мақомоти уламо ва авлиё тараққӣ небошад. Ва ин аз далелҳои шаръ зоҳир мешавад. Қола – алайҳи-с-салом: «Инна ли-л-Қуръони зоҳиран ва ботинан ва ҳаддан ва матлаан». Ва Алӣ – разия-л-Лоҳу анҳу – гуфт [ва ишорат ба синаи худ кард]: «Инна ҳо ҳуно улуман ҷамматан, лав ваҷадту лаҳо ҳамалатан». Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – фармуд: «Наҳну маъошира-л-анбиёи умирно ан нукаллима-н-носа ало қадри укулиҳим». Ва низ гуфт: «Мо ҳаддаса аҳадун қавман биҳадисин лам яблуғҳу укулуҳум илло кона фитнатан алайҳим». Ва Ҳаққ таъоло фармуд: «Ва тилка-л-амсолу назрибуҳо ли-н-носи ва мо яъқилуҳо илло-л-олимун»1. Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Инна мина-л-илми каҳайяти-л-макнуни ло яърифуҳу2 илло-л-олимуна би-л-Лоҳи [ал-ҳадис]. Ва тарҷумаи ин аҳодис дар «Китоби илм» собиқ шудааст.

Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Лав алимтум мо аълому лазаҳиктум қалилан ва лабакайтум касиран». Ай,

пешина
аз 567
навбатӣ