Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

тадеъ ба калом ҳоҷат аст ва имрӯз бидъатҳо шоеъ аст ва балво омм ва ҳоҷат мосса, пас чора нест, ки қиём намудан бад-ин илм аз фарзи кифоят бошад, чунон ки қиём намудан ба нигоҳдошти молҳо ва дигар ҳаққҳо ба қазо ва вилоят ва ғайри он. Ва то уламо ба баёни он машғул нашаванд ва ба тадрис ва баҳси он қиём нанамоянд, доим намонад ва агар ба куллият бигузоранд, мундарис шавад ва муҷарради табъҳо, бе тааллуми ҳалли шубҳатҳо мубтадеонро кифоят накунад. Пас, бояд ки тадриси калом аз фарзҳои кифоят бошад ба хилофи замони саҳоба, ки ҳоҷат дар он мосса набуд?

Ҷавоб: Бидон, ки ҳаққ он аст, ки чора нест аз он чи дар ҳар шаҳре касе бояд, ки бад-ин илм қиём намояд ва ба дафъи шубҳатҳои мубтадеон, ки дар он шаҳр ангехта бошанд, мустақил бувад, валекин тадриси ӯ алалумум савоб нест, чун тадриси тафсиру фиқҳ, ки ин мисли дору аст ва фиқҳу тафсир мисли ғизо. Ва аз мазаррати ғизо тарс набувад, бад-он чи анвои мазаррати ӯ ёд кардаем.

Пас олим бояд, ки ин илм — алалҳусус — касеро омӯзад, ки дар вай се хислат бувад:

Яке он ки илмро мутаҷаррид бошад ва бар он ҳарис бувад. Чи пешаварро машғулии ӯ монеъ бошад аз истикмоли ин илм ва изолати шаккҳое, ки ҳодис шавад.

Дуввум зако ва фиτнат ва фасоҳат. Чи балид nekӯ фаҳм накунад ва бастазабон ҳуҷҷат тақрир натавонад кард, пас дар ҳаққи эшон ҳам бими мазаррати калом бошад ва умеди манфаати он на.

Севвум он ки ба табъи худ муслеҳ ва мутадаййин ва муттақӣ бошад ва шаҳватҳо бар ӯ ғолиб набувад, чи фосиқ ба камтар шубҳате аз дин берун ояд ва ба сабаби он банди ӯ гушода шавад ва садде, ки миёни ӯ ва лаззатҳо бувад, бархезад. Пас бар изолати шубҳат ҳарис набувад, бал онро ғанимат шумурад, то аз бори таклиф бираҳад. Ва ифсоди

пешина
аз 567
навбатӣ